“Сомон Эйр” нархи билетҳоро ба парвозҳои чартерӣ арзон кард

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” эълон кард, ки нархи билетҳоро ба парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон арзон мекунад. То кадом андоза, алҳол номаълум аст. Акнун парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия зиёдтар мешаванд. Дар саҳифаи ширкат дар шабакаи иҷтимоии Facebook қайд мешавад, ки дар робита ба иҷозаи аз Тоҷикистон ба Русия бурдани шаҳрвандони ин кишвар […]

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” эълон кард, ки нархи билетҳоро ба парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон арзон мекунад. То кадом андоза, алҳол номаълум аст. Акнун парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия зиёдтар мешаванд.

Дар саҳифаи ширкат дар шабакаи иҷтимоии Facebook қайд мешавад, ки дар робита ба иҷозаи аз Тоҷикистон ба Русия бурдани шаҳрвандони ин кишвар ва мутаносибан қисман таъмин шудани шумори зарурии мусофирон дар ҳавопаймо аз самти Тоҷикистон ба Русия, раҳбарияти ширкати ҳаввопаймоӣ тасмим гирифт, ки арзиши билетҳоро ба ҳамаи хатсайрҳо аз Русия ба Тоҷикистон то 31 август арзон мекунад.

То ин дам муяссар нашуд, ки бо нмояндагони ширкати ҳавопаймоӣ дар тамос шавем, то бифаҳмем, ки нархи билет то кадом андоза поин рафтааст.

Хадамоти матбуоти “Сомон Эйр” хотиррасон мекунад, ки мувофиқи талаботи санитарӣ-эпидемиологии пешгирӣ аз сирояти COVID-19 ҳамаи мусофирон ҳатман бояд ниқоб ва дастпӯшак дошта бошанд.

Гуфта мешавад, мусофироне, ки дар онҳо таби баланд ё аломатҳои беморӣ ба мушоҳида мерасад, ба ҳавопаймо роҳ дода намешаванд.

Субҳон Икромзода, роҳбари департаменти авиатсияи граждании ҷумҳурӣ қаблан дар мавриди нархи билетҳо ба парвозҳои чартерӣ изҳор дошта буд, дар парвозҳои чартерӣ ба хароҷот аз 40% илова мешавад.

“Яъне, дар ин ҳолат ҳамаи хароҷот, аз ҷумла барои сӯзишворӣ, аэронавигатсия, хизматрасонии фурудгоҳ ва ғайраро ҳар кадоме аз ширкатҳо бояд ҳисоб кунанд ва мувофиқи нархгузорӣ, ширкатҳо бо иловаи фоидаи муайян барои фаъолияти минбаъда нархи билетро муқаррар мекунанд”, – гуфта буд ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.