Вазирони корҳои хориҷии 14 давлат дар Душанбе гирдиҳам меоянд

Бо пешниҳоди Тоҷикистон, ки ҳамраисии “Қалби Осиё-Раванди Истанбул”- ро дар соли 2020 ба уҳда дорад, 25 августи соли равон нишасти маҷозӣ (виртуалӣ)-и кормандони воломақоми раванди мазкур баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, нишаст бо суханони ифтитоҳии муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва муовини вазири корҳои хориҷии Афғонистон Мирвайс Ноб […]

Бо пешниҳоди Тоҷикистон, ки ҳамраисии “Қалби Осиё-Раванди Истанбул”- ро дар соли 2020 ба уҳда дорад, 25 августи соли равон нишасти маҷозӣ (виртуалӣ)-и кормандони воломақоми раванди мазкур баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, нишаст бо суханони ифтитоҳии муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва муовини вазири корҳои хориҷии Афғонистон Мирвайс Ноб оғоз шуд.

“Дар ҷаласа намояндагони кишварҳои узв, кумакрасон, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ карданд”, – омадааст дар хабари Вазорат.

Гуфта мешавад, дар кори ҷаласа масъалаҳои омодагӣ ба баргузории Конфронси 9-уми вазирони корҳои хориҷии “Қалби Осиё-Раванди Истанбул”, ки қарор аст то охири соли ҷорӣ дар Душанбе доир гардад, баррасӣ шуданд.

Инчунин атрофи вазъи амниятии минтақа ва Афғонистон, ҳамкориҳои кишварҳои узв дар раванди сулҳу субот дар он кишвар, амалисозии лоиҳаҳои минтақавӣ бо дастгирии созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ ва кишварҳои ёрирасон табодули назар сурат гирифт.

Ҳадаф аз фаъолияти“Қалби Осиё-Раванди Истанбул”, ки соли 2011 бо ташаббуси Туркия “Конфронси Истанбул барои Афғонистон” роҳандозӣ шуд, таҳкими ҳамкории минтақавӣ оид ба масоили марбут ба Афғонистон унвон мешавад.

Дар чорабиниҳои “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” ҳайатҳои Афғонистон, Озарбойҷон, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Амороти Муттаҳидаи Араб ва намояндагони Созмони Милали Муттаҳид иштирок мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.