Коҳиши даромади нуқтаҳои хӯроки умумӣ бар асари коронавирус, ба ҷуз Хатлон

Дар муқоиса бо соли гузашта давоми моҳҳои январ-июли соли равон ҳаҷми гардиши савдои нуқтаҳои хӯроки умумӣ бо шумули меҳмонхонаву тарабхонаҳо дар Тоҷикистон қариб ба андозаи 23% кам шуд. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, сатҳи даромад дар ин бахш ба ҷуз вилояти Хатлон, ки дар он ҳаҷми гардиш 8,1% афзудааст, дигар қариб дар […]

Дар муқоиса бо соли гузашта давоми моҳҳои январ-июли соли равон ҳаҷми гардиши савдои нуқтаҳои хӯроки умумӣ бо шумули меҳмонхонаву тарабхонаҳо дар Тоҷикистон қариб ба андозаи 23% кам шуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, сатҳи даромад дар ин бахш ба ҷуз вилояти Хатлон, ки дар он ҳаҷми гардиш 8,1% афзудааст, дигар қариб дар ҳамаи минтақаҳои кишвар коҳиш ёфтааст. Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ корхонаҳои хизматрасонии хӯроки умумӣ наздики 108 млн сомонӣ даромад ба даст овардаанд.

Гуфта мешавад, ҳаҷми аз ҳама зиёдтарини коҳиши гардиши савдо дар ин бахш дар пойтахт – беш аз 33% ба қайд гирифта шудааст.

Ҳаҷми гардиши савдои тарабхонаву қаҳвахона ва ошхонаҳо дар вилояти Суғд қариб 20%, ВМКБ – 19% ва ноҳияҳои тобеи марказ ба миқдори ҳудуди 10% кам шудааст.

Қобили зикр аст, ки пандемияи коронавирус ба рушди иқтисоди кишвар таъсири манфӣ расонида, қариб ҳамаи соҳаҳои он зарар диданд.

Дар навбати аввал соҳаҳое осеб диданд, ки дар онҳо хизматрасонӣ ба шумори одамони зиёд дар як вақт дар макони маҳдуд иҷро мешуд.

Аз оғози пандемияи коронавирус бахусус бозори хизматрасонии хӯроки умумӣ осеб дид, зеро мардум аз истифодаи хизматрасонии ин соҳа худдорӣ мекарданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.