Шикояти муҳоҷирон дар Русия аз фурӯши маҷбурии маълумотнома дар бораи Covid-19 аз ҷониби сафорат

Муҳоҷирони кории тоҷик ба идораи “Азия-Плюс” муроҷиат намуда, изҳор доштанд, ки гӯё сафорати Тоҷикистон дар Русия маҷбурӣ ба онҳо маълумотнома (справка) дар бораи надоштани сирояти коронавирус мефурӯшад: он барои ба ҳавопаймо роҳ ёфтани онҳо зарур аст. Дар намояндагии дипломатӣ мегӯянд, ин танҳо тавсия аст. Хонандаи “Азия-Плюс” ба мо аз Маскав навори видео фиристод, ки дар […]

Муҳоҷирони кории тоҷик ба идораи “Азия-Плюс” муроҷиат намуда, изҳор доштанд, ки гӯё сафорати Тоҷикистон дар Русия маҷбурӣ ба онҳо маълумотнома (справка) дар бораи надоштани сирояти коронавирус мефурӯшад: он барои ба ҳавопаймо роҳ ёфтани онҳо зарур аст. Дар намояндагии дипломатӣ мегӯянд, ин танҳо тавсия аст.

Хонандаи “Азия-Плюс” ба мо аз Маскав навори видео фиристод, ки дар он навбатпойии муҳоҷирон назди озмоишгоҳ дида мешавад, ки дар он муҳоҷиронро ба супурдани ташхиси коронавирус ва минбаъд гирифтани маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани сирояти коронавирус дар онҳо ва ба ҳавопаймо роҳ ёфтанашон маҷбур мекунанд.

“Аз мо барои ташхиси коронавирус як миқдор малҳами оби даҳон мегиранд ва баъди ним соат ё аз ҳама дертараш якуним соат дар бораи мавҷуд набудани Covid-19 маълумотнома медиҳанд ва барои ин 2,5 ҳазор маблағ мегиранд. Дар сафорат ҳамаро маҷбур месозанд, ки маҳз аз ҳамин озмоишгоҳ маълумотнома гиранд”, – менависад муҳоҷири наворро фиристода, ки нахост ному насабаш ифшо шавад.

Интиқоли маблағ дар як лаҳза бе комиссия ва бо қурби қулай – asiaplus.intiqol.tj

Дар сафорат мегӯянд, ин тавсия аст

Дар сафорат ба мо изҳор доштанд, ки онҳо шаҳрвандонро ба супурдани ташхис ва гирифтани маълумотгнома маҳз дар ҳамин озмоишгоҳ маҷбур накарда, танҳо тавсия медиҳанд.

“Мо бо озмоишгоҳи Пажуҳишгоҳи марказии эпидемиологии Роспотребнадзор дар бораи додани маълумотнома ба шаҳрвандонамон пас аз ташхис гапзанон кардем”, – хабар доданд дар сафорат.

Ҳамчунин зикр шуд, ки дар озмоишгоҳ малҳами оби даҳон гирифта, дар бораи мавҷуд набудани сирояти коронавирус маълумотномаи пешакӣ дода мешавад.

“Шаҳрвандон пас аз супурдани ташхис чунин маълумотнома мегиранд. Дар сурати мусбат баромадани натиҷаи тести онҳо, моро аз озмоишгоҳ огоҳ мекунанд, ки ин шахс аз коронавирус сироят ёфтааст ва мо парвози ӯро манъ мекунем. Дар озмоишгоҳ ҳатман аз ҳама тести коронавирус мегиранд. Мо шаҳрвандонро ба рафтан барои супурдани ташхис ба ин озмоишгоҳ маҷбур намекунем. Онҳо метавонанд дар ҳама гуна дигар озмоишгоҳ ташхис супурда, маълумотнома гиранд”, – қайд карданд дар сафорат.

Аммо, қайд мекунанд дар сафорат, хавфи қалбакӣ баромадани чунин маълумотномаҳо аз эҳтимол дур нест.

“Рӯзҳои аввал шаҳрвандон маълумотномаҳои қалбакии аз вокзали Павелетский ё ҳама гуна дигар бозорҳои Маскав ба нархи 1500 рубл харидашударо оварданд, – гуфтанд дар сафорат. – Ҳақиқӣ будани онҳоро мо чӣ гуна санҷем? Дар кишварҳои ғарб дар ҳар кадоме аз ин маълумотномаҳо штрихкод ва дар фурудгоҳҳо таҷҳизоте мавҷуд аст, ки ҳақиқӣ будани маълумотнома санҷида мешавад. Дар фурудгоҳҳои Русия чунин таҷҳизот нест. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки ташхиси мусофирони имконпазир маҳз дар озмоишгоҳи Роспотребнадзор гирифта шавад”, – изҳор доштанд дар сафорат.

Зимнан зикр шуд, ки “агар касе дигар ҳама гуна пешниҳоди созандаи ҳалли ин масъаларо пешниҳод кунад, хеле хурсанд мешуданд”.

Ёдрас мекунем, ки пас аз қабули қарор дар бораи роҳандозии парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон, ба шаҳрвандони танҳо бо доштани маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани сирояти коронавирус ба парвоз иҷоза дода мешавад. Бо расидан ба Тоҷикистон шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз гузаштани ҳатмии тест ва ба карантин фиристодан озод мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сайфулло Сафаров: “Азия-Плюс” писари эркаи Тоҷикистон аст”

Ин сиёсатшинос ва яке аз ғояпардозони пешини ҳукумати кишвар мегӯяд, “воқеънигорӣ сабаби назари неки ҳукумат ба ин расона аст”.

Вазорати энергетика: Тоҷикистон ба сафи кишварҳои пешсафи истеҳсоли энергияи “сабз” шомил аст

Ҳудуди 95%-и нерӯи барқ дар кишвар дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Баъди гузориши “Азия-Плюс” духтарчаи дусолаи шоҳномахонро қадрдонӣ кардаанд

Раёсати маорифи вилояти Суғд ба суроғи ин кӯдаки шоҳномахон рафтааст.

Нархи гузариши Рустам Ятимов то 2 млн евро гарон шуд

Ин беҳтарин нишондиҳанда миёни футболбозони дастаи футболи Тоҷикистон аст.

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Чаро рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд?

Сабаби бекор шудани қувваозмоӣ дарёфти допинг дар ҷисми варзишгари Куба мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.