Футболбози муваффақи тоҷик бо дастаи Ӯзбекистон қарордод баст

Нимҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон ва дастаи “Истиқлол” Эҳсони Панҷшанбеи 21-сола минбаъд дар дастаи кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон – “Навбаҳор” аз Намангон бозӣ мекунад. Бино ба иттилои сомонаи расмии дастаи “Истиқлол”, баъди аз дастаи “Навбаҳор” расидани пешниҳод дар бораи ба даста даъват кардани Эҳсони Панҷшанбе ва ба инобат гирифтани хоҳиши худи футболбоз, ки ба ин гузариш розӣ […]

Нимҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон ва дастаи “Истиқлол” Эҳсони Панҷшанбеи 21-сола минбаъд дар дастаи кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон – “Навбаҳор” аз Намангон бозӣ мекунад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии дастаи “Истиқлол”, баъди аз дастаи “Навбаҳор” расидани пешниҳод дар бораи ба даста даъват кардани Эҳсони Панҷшанбе ва ба инобат гирифтани хоҳиши худи футболбоз, ки ба ин гузариш розӣ шуда, хостааст маҳорати худро дар дигар чемпионат санҷад, раҳбарияти “Истиқлол” ин пешниҳодро пазируфтааст.

Пас аз анҷоми расмиёти ҳамаи ҳуҷҷатҳо Эҳсони Панҷшанбе бо дастаи “Навбаҳор”-и Намангон қарордод баст, ки муҳлаташ то охири соли 2022 пешбинӣ шудааст.

Аз рӯйи натиҷаҳои даври аввали мусобиқаи Суперлигаи футболи Ӯзбекистон дастаи “Навбаҳор” дар ҷадвал зинаи 7-умро ишғол мекунад. Эҳсони Панҷшанбе пас аз бозии мунтахабҳои миллии футболи Ӯзбекистону Тоҷикистон рӯзи 3 сентябр дар Тошканд ба ҳайати даста ҳамроҳ мешавад.

Эҳсони Панҷшанбе аз нимаи дуюми мавсими футболи соли 2016 дар ҳайати дастаи “Истиқлол” бозӣ мекард. Дар ин давра ҳамроҳи даста ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон, Ҷом ва Суперҷоми футболи кишвар соҳиб шуда, инчунин дар бозии финалии Ҷоми КФО-2017 бозӣ кардааст.

Аз рӯйи натиҷаҳои мавсими футболи соли 2018 Эҳсони Панҷшанбе беҳтарин футболбози Тоҷикистон эътироф гардида буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.