Президент сафиронро дар Чин ва Арабистони Саудӣ иваз кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 31 август дар бораи аз вазифаҳо озод кардани як қатор сафирони кишвар дар давлатҳои хориҷӣ фармонҳо ба имзо расонид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Парвиз Давлатзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой ва ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 31 август дар бораи аз вазифаҳо озод кардани як қатор сафирони кишвар дар давлатҳои хориҷӣ фармонҳо ба имзо расонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Парвиз Давлатзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой ва ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам озод карда шуд.

Саидзода Зоҳир Озод сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой таъин карда шуд.

Қосимӣ Заробиддин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва ҳамзамон Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Созмони ҳамкории исломӣ озод карда шуд. Ӯ сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср таъин карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, Каримӣ Акрам Муҳаммадрасул сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таъин карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.