Эмомалӣ Раҳмон Александр Лукашенкоро бо зодрӯзаш табрик кард

Имрӯз  Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар рафти суҳбати телефонӣ Эмомалӣ Раҳмон президенти Беларус Александр Лукашенкоро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрику муборакбодӣ кард. Гуфта мешавад, дар чорчӯбаи суҳбат ҷонибҳо як қатор масъалаҳои рӯзмарра, аз ҷумла вазъи имрӯзаи Беларус ва ҳолати […]

Имрӯз  Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар рафти суҳбати телефонӣ Эмомалӣ Раҳмон президенти Беларус Александр Лукашенкоро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрику муборакбодӣ кард.

Гуфта мешавад, дар чорчӯбаи суҳбат ҷонибҳо як қатор масъалаҳои рӯзмарра, аз ҷумла вазъи имрӯзаи Беларус ва ҳолати кунуниву дурнамои муносибатҳои дӯстиву ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманди Тоҷикистону Беларусро мавриди баррасӣ қарор доданд.

“Дар ин зимн Пешвои миллат дастовардҳои назарраси Ҷумҳурии Беларусро тайи давраи соҳибистиқлолӣ дар роҳи рушд ва бунёди давлатдорӣ қайд карда, ба мардуми дӯсти Беларус сулҳу суботи пойдор, некӯаҳволӣ ва пешрафти босуботи минбаъдаро орзу намуд”, – қайд мешавад дар хабар.

Ҳамчунин,  аҳаммияти рушди беш аз пеши ҳамкориҳои созандаи Тоҷикистон ва Беларус дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қайд карда шуд ва Президентҳо рағбати худро ба таҳкиму тавсеаи ҳамаҷонибаи онҳо бар нафъи мардумони ду кишвар таъкид намуданд.

Дар ҳамин ҳол, тавре “Медуза” хабар медиҳад, 30 август дар ҷашни 66-солагии Александр Лукашенок эътирозгарон ба кӯчаҳои шаҳрҳои Беларус баромаданд.

Тибқи арзёбии журналистон, дар гирдиҳамоиии Минск даҳҳо ҳазор нафар ҳузур доштанд. Сохторҳои қудратӣ пеши роҳи онҳоро баста, гирду атрофи қароргоҳи Лукашенко ба иҳота гирифта шуд ва худи ӯ боз автомат ба даст гирифт.

Қатори эътирозгарон ба назди Кохи истиқлолият туҳфаҳои худро ба ҷашни зодрӯзи Лукашенко оварданд, ки аз нонхӯрак (таракан)-и бузург ва тобут барои диктатура иборат буд.

Ҳамчунин онҳо бори дигар аз Александр Лукашенко даъват намуданд, ки аз мансабаш даст кашад.

Дар Беларус ду ҳафта инҷониб муқовимат байни сохторҳои давлатӣ ва тазоҳургарон идома дорад. Тазоҳургарон ғалабаи президенти аллакай чоряк аср ҳукмронидоштаро эъироф намекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.