Таъсиси Комиссияи байниидоравии масоили ҳифзи сирҳои давлатӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон Комиссияи байниидоравӣ оид ба масоили ҳифзи сирҳои давлатӣ таъсис дода мешавад. Амри дахлдор дар ин бора рӯзи 25 августи соли равон аз ҷониби президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид. “Комиссия мақомоти ҳайати мушовара буда, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳоро дар соҳаи ҳифзи сирҳои давлатӣ ва ҳимояи техникии маълумот бо мақсади таҳия ва […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон Комиссияи байниидоравӣ оид ба масоили ҳифзи сирҳои давлатӣ таъсис дода мешавад. Амри дахлдор дар ин бора рӯзи 25 августи соли равон аз ҷониби президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид.

“Комиссия мақомоти ҳайати мушовара буда, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳоро дар соҳаи ҳифзи сирҳои давлатӣ ва ҳимояи техникии маълумот бо мақсади таҳия ва иҷрои барномаҳои давлатӣ, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии таъмингари татбиқи қонунгузорӣ дар ин соҳаҳо танзим мекунад”, – қайд мешавад дар санад.

Гуфта мешавад, Комиссия ба ҳамоҳангсозии ҳамкорӣ байни сохторҳои давлатӣ оид ба масоили ҳифзи сирҳои давлатӣ ва ҳимояи техникии маълумот уҳдадор аст. Инчунин ироаи пешниҳодот дар мавриди такмили низоми ҳифзи сирҳои давлатӣ низ ба вакодати Комиссия дохил аст.

Ғайр аз ин, Комиссия таҳияи барномаҳои дарозмуҳлат ва миёнамуҳлати давлатӣ ва байниидоравиро оид ба амнияти иттилоотӣ ҳамоҳанг сохта, мушкилоти додани дастрасӣ ба шахсони мансабдор ва шаҳрвандонро ба сирҳои давлатӣ, тартиби бекор кардани онҳо, муайян кардани уҳдадориҳои шаҳрвандон оид ба нигаҳдории сирҳои давлатиро баррасӣ мекунад.

Ташаббускорони таъсиси ин Комиссия бар ин назаранд, ки таъсиси мақомоти нав ба таҳкими робитаҳои байнулмилалии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи техникии маълумот бо кишварҳои аз лиҳози технологӣ рушдёфтаи ҷаҳон мусоидат мекунад.

Ҳайати Комиссия аз раис, муовини ӯ, котиби масъул ва аъзои Комиссия аз ҳисоби намояндагони мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ иборат хоҳад буд. Фаъолияти тадорукотии Комиссия аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон таъмин карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.