Ӯзбекистон ба таъмиру навсозии қитъаи ХИБ “Регар-Гузар” оғоз кард

Ширкати электроэнергетикии Ӯзбекистон ба таъмиру навсозии хати интиқоли барқ (ХИБ)-и “Гузар-Регар”, ки тариқи он кишвари ҳамсоя аз Тоҷикистон неруи барқ мегирад, машғул аст. “Дар доираи лоиҳа қитъаи 63-километрии ХИБ 500 кВ  “Гузар-Регар” (Л-507) дар қаламрави Ӯзбекистон таъмиру навсозӣ мешавад”, – қайд мешавад дар хабари Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон. Гуфта мешавад, арзиши пешакии лоиҳа 25 млн доллар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ширкати электроэнергетикии Ӯзбекистон ба таъмиру навсозии хати интиқоли барқ (ХИБ)-и “Гузар-Регар”, ки тариқи он кишвари ҳамсоя аз Тоҷикистон неруи барқ мегирад, машғул аст.

“Дар доираи лоиҳа қитъаи 63-километрии ХИБ 500 кВ  “Гузар-Регар” (Л-507) дар қаламрави Ӯзбекистон таъмиру навсозӣ мешавад”, – қайд мешавад дар хабари Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон.

Гуфта мешавад, арзиши пешакии лоиҳа 25 млн доллар арзёбӣ мешавад.

“Лоиҳаи сармоягузории мазкур дар ҳамдастӣ бо ширкати Shanghai Electric Power Transmission & Distribution-и Чин, ғолиби тендери байнулмилалӣ амалӣ мегардад”, – таъкид мешавад дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, лоиҳа бар асоси протоколи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкори  тиҷоративу иқтисодӣ татбиқ мешавад.

“Лоиҳа ба таъмини эътимоднокии интиқоли барқ ҳангоми кори якҷояи низомҳои энергетикии Ӯзбекистону Тоҷикистон равона шудааст”, – илова кардаанд дар Вазорати энергетикаи кишвари ҳамсоя.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.