Се сафири нав: дар Афғонистон, Ҳиндустон ва Укроин

Бо як фармони раисҷумҳур шоми 28-уми сентябр сафирони Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Ҳиндустон ва Укроин аз мақомҳояшон барканор ва ба ҷойи онҳо сафирони нав таъин шуданд. Аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, дарозумуртарин сафири Тоҷикистон Шарофиддин Имом сафири Тоҷикистон дар ҷумҳурии исломии Афғонистонро баъди 12 соли сафирӣ аз мақомаш озод ва ба ҷойи ӯ Саъдӣ Шарифӣ сардори Раёсати […]

Бо як фармони раисҷумҳур шоми 28-уми сентябр сафирони Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Ҳиндустон ва Укроин аз мақомҳояшон барканор ва ба ҷойи онҳо сафирони нав таъин шуданд.

Аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, дарозумуртарин сафири Тоҷикистон Шарофиддин Имом сафири Тоҷикистон дар ҷумҳурии исломии Афғонистонро баъди 12 соли сафирӣ аз мақомаш озод ва ба ҷойи ӯ Саъдӣ Шарифӣ сардори Раёсати кишварҳои Ховари миёни ва Африқои Вазорати корҳои хориҷиро сафир таъин кард. Хабари барканорӣ ва таъини сафир дар Афғонистонро дирӯз “Азия-плюс” бо такя ба як манбаъи боэътимоди худ расонаӣ карда буд. Дар фармони раисҷумҳур далели барканории Шарофиддин Имом “бо сабаби ба нафақа баромадан” гуфта шудааст.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон Давлаталӣ Назризодаро, ки то ин вақт Консули генералии Тоҷикистон дар Санкт-Петербурги Русия буд сафири нави Тоҷикистон дар Укроин таъин кард. Файзулло Холбобоев бо фармони дигари раисҷумҳур аз мақоми сафирии Тоҷикистон дар Укроин ба далели ба кори дигар гузаштан, озод карда шуд.

Президенти Тоҷикистон ҳамчунин сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон Султон Раҳимзодаро бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш озод кард ва ба ҷойи ӯ Бобокалонзода Луқмонро таъин намуд.

Ҳамчунин бо фармони дигари президенти кишвар сарҳанг  Ҳасан Сатторов сардори Раёсати разведкаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд. Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Фонди байналмиллалии наҷоти Арал Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпурро, ки то ин вақт сафири Тоҷикистон дар Ҳиундустон буд, Раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмиллалии наҷоти Арал таъин кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.