Тоҷикистон хостори қатъи амалиёти низомии Арманистону Озарбойҷон шуд

Тоҷикистон аз задухӯрди низомӣ байни Озарбойҷон ва Арманистон амиқан изҳори нигаронӣ намуд. “Аз ҷонибҳо бо исрор даъват мекунем, ки барои қатъи амалиёти ҳарбӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд. Бар онем, ки ҳалли низоъ дар Кӯҳистони Қаробоғ танҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ имконпазир аст”, – қайд мешавад дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон. Дар изҳорот зикр мегардад, ки […]

Asia-Plus

Тоҷикистон аз задухӯрди низомӣ байни Озарбойҷон ва Арманистон амиқан изҳори нигаронӣ намуд.

“Аз ҷонибҳо бо исрор даъват мекунем, ки барои қатъи амалиёти ҳарбӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд. Бар онем, ки ҳалли низоъ дар Кӯҳистони Қаробоғ танҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ имконпазир аст”, – қайд мешавад дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Дар изҳорот зикр мегардад, ки Тоҷикистон аҳаммияти истисноии ҳалли мусолиматомези ихтилофоти мавҷударо дар чаҳорчӯби меъёрҳои пазируфтаи байналмилалӣ таъкид менамояд.

Субҳи 27 сентябр дар минтақаи баҳсии вилояти Қарабоғи Кӯҳӣ миёни нерӯҳои Арманистон ва Озарбойҷон задухӯрди шадид ба вуқӯъ пайваст. Ҷонибҳо дар сар задани муноқиша ҳамдигарро гунаҳкор карданд.

Никол Пашиниян, сарвазири Арманистон гуфтааст, ки Озарбойҷон ба Қарабоғи Кӯҳӣ, ба маҳалҳои аксаран арманнишин ҳамлаи ҳавоӣ анҷом додааст.

Мақомоти Озарбойҷон гуфтаанд, ки дар посух ба тирандозии нерӯҳои арманӣ дар "Хати тамос" амалиётро оғоз кардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.