Ҷашнвораи асал ва озмуни ангур дар Душанбе

3-юми октябр дар Душанбе Ҷашнвораи намоиши фурӯши асал ва озмуни ангур баргузор мешавад. Қарор аст дар ин ҷашнвора беҳтарин асалпарварро муайян кунанд. Ба иттилои Вазорати кишоварзӣ дар ин ҷашнвора (фестивал) замбурпаварон аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ҷамъ меоянд. Ба навиштаи  торнамои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ин ҷашновара дар бозори “Меҳргон”-и шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Вазора ҳадафи баргузории […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

3-юми октябр дар Душанбе Ҷашнвораи намоиши фурӯши асал ва озмуни ангур баргузор мешавад. Қарор аст дар ин ҷашнвора беҳтарин асалпарварро муайян кунанд. Ба иттилои Вазорати кишоварзӣ дар ин ҷашнвора (фестивал) замбурпаварон аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ҷамъ меоянд.

Ба навиштаи  торнамои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ин ҷашновара дар бозори “Меҳргон”-и шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Вазора ҳадафи баргузории ин ҷашнвора ва озмунро “тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ муаррифии дастранҷи деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши ангур ва аз таҷрибаи деҳқон баҳра бурдан” унвон кардааст.

Бино ба маълумоте, ки Вазорати кишварзӣ пешниҳод кардааст то 30 сентябр соли равон  дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 232146 оилаи занбури асал (103,3%) мавҷуд буда, дар ин давра 1886,3 тонна (100,1%) асал истеҳсол карда шудааст. Нисбати ҳамин давраи соли гузашта шумораи оилаҳои занбӯри асал 7521 адад ва истеҳсоли 1, 8 тонна зиёд мебошад.

Ин вазорат ҳамчунин тавсия додааст, ки меъёри шабонарўзии истеъмоли асал барои калонсолон 70-75 грамм, барои бачаҳо 30-35 грамм мебошад. “Истеъмоли аз меъёр зиёди асал хосияти табобатӣ надошта, он танҳо ба инсон қувват мебахшад. Онҳое, ки нисбат ба асал ҳассосият (аллергия) доранд, бояд онро аз меъёр кам ва бо омехтаи меваю равғанҳо истеъмол намоянд. Қувватнокии асал бениҳоят баланд буда, 3150  килокалория аст”, -хулоса додааст ин ниҳод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.