Созиши Душанбе ва Тошканд дар бораи барқарор кардани хатсайрҳои ҳавоӣ

Ҳукумати Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи барқарор намудани хатсайрҳои ҳавоии мунтазам байни Душанбе ва Тошканд созиш ҳосил карданд. “Айни замон санаи дақиқи дубора роҳандозӣ намудани парвозҳо ва тартиб додани ҷадвали парвозҳо байни пойтахтҳои ҳар ду кишвар мувофиқа мешавад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ. Алоқаи ҳавоӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд аз […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи барқарор намудани хатсайрҳои ҳавоии мунтазам байни Душанбе ва Тошканд созиш ҳосил карданд.

“Айни замон санаи дақиқи дубора роҳандозӣ намудани парвозҳо ва тартиб додани ҷадвали парвозҳо байни пойтахтҳои ҳар ду кишвар мувофиқа мешавад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Алоқаи ҳавоӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд аз 16 марти соли равон қатъ гардида буд.

Ғайр аз ин, Ӯзбекистон дар қатори дигар давлатҳо аз 16 март сарҳадҳои роҳи заминиашро низ бо Тоҷикистон баст.

Қарори қатъи муваққатии алоқаи ҳавоӣ бо Душанбе ва чанде аз дигар шаҳрҳои ҷаҳон аз ҷониби ҳукумати Ӯзбекистон дар робита ба рӯзи 15 март ошкор шудани чор мавриди аввали сироят ба коронавирус дар ин кишвар қабул шуд.

Ёдрас мекунем, ки алоқаи ҳавоӣ бо Русия то ҳол барқарор нашудааст: парвозҳои мунтазами байнулмилалӣ байни кишварҳо танҳо баъди ба эътидол омадани вазъи марбут бо коронавирус ва эълони расмӣ дар ин бора аз ҷониби мақомоти ваколатдори кишварҳо барқарор мешавад. Чанде пеш Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон чунин изҳорот баён карда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Табдили рақамии Тоҷикистон: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.