Донишманди тоҷик медали Нобел ба даст овард

Академияи илмҳои табиии Русия як ихтироъкори тоҷикро барои нақши муассир дар рушди ихтироъкорӣ, таълимот дар мактабҳои олӣ ва ҷавобгӯй будани китобу корҳои илмияш ба меъёрҳои байналмиллалӣ бо сертификат ва медали ба номи Алфред Нобел ва ҷоизаи пулӣ қадрдонӣ кардааст. Абдусафо Умарҷонов, номзади илмҳои техникӣ, декани факултети менталургияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ба […]

Академияи илмҳои табиии Русия як ихтироъкори тоҷикро барои нақши муассир дар рушди ихтироъкорӣ, таълимот дар мактабҳои олӣ ва ҷавобгӯй будани китобу корҳои илмияш ба меъёрҳои байналмиллалӣ бо сертификат ва медали ба номи Алфред Нобел ва ҷоизаи пулӣ қадрдонӣ кардааст.

Абдусафо Умарҷонов, номзади илмҳои техникӣ, декани факултети менталургияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ба Азия Плюс гуфт, ки ҳамасола барои медали А. Нобел ин Академия озмуни байналмилалӣ эълон мекунад, ки имсол байни мутахассисиони кишварҳои пасошӯравӣ ин ҷоиза насиби ӯ шуд. Ӯ гуфт дар фаъолияти 35-солаи омӯзгорияш ҳудуди 60 дастурамали омӯзишӣ, мақолаву як манография навишта соҳиби чандин патенти ихтироотӣ аст. Аммо аз 5 китобу дастурамали таълимияш, ки барои омода кардани ихтироъкорони сатҳи ҷаҳонӣ дар мактабҳои олӣ марбутанд,  на ҳама рӯйи чоп омадаанд.

“Соли гузашта китоби “Асосҳои назарияи ҳалли масъалаҳои ихтироъкорӣ”-ро навиштаву хостам чоп кунам. Аммо ректори пешин бинобар бо забони русӣ буданаш иҷозаи чоп надод ва гуфт бо забони тоҷикӣ баргардонам ва ҳоло сари ин кор ҳастам. Чанд китобҳое, ки барои мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ омода кардани ихтироъкорон  навиштам, вале  на ҳама чоп шудаанд. Аз Академияи илмҳои табиии Русия гуфтанд то ҷойе дар чопи китобҳоям кӯмаки молӣ мекунанд”.

Умарҷонов афзуд бартарии дастовардаш дар он аст, ки ӯ ба фарқ аз дигар мутахассисони соҳаи фановарӣ барномаҳои таълимиву китобҳоеро таҳия карда аст, ки асосан равишшиносии технологияи назарияи ҳалли масъалаҳои ихтироъкориро меомӯзонад.

Абдусафо Умарҷонов мегӯяд дар ин бахш дасри ҷудогонае нест, вале ӯ чунин методологияи сатҳи ҷаҳониро дар донишкада ба донишҷӯёну ихтироъкорон меомӯзонад, ки мутахассисони кишварҳои беруна низ аз ин кораш хушҳоланд.

Соли 2019 Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бар асоси фанновариҳои таълимии Абдусафо Умарҷонов лоиҳаи 3,5 млнсомониеро ба даст овардааст, ки бо он озмоишгоҳро барқарору барои он дастгоҳҳои махсус харидорӣ намуда, ҳоло барои анҷоми корҳои илмӣ шароит фароҳам шудааст.

“Аз рӯйи CDIO (стандарти байналмиллалии таълимоти муҳандисӣ) ман ҷараёни таълим дар ихтисоси металургияи металҳои рангаи донишкадаро ба талаботи ҷаҳонӣ омода карда истодаам”- мегӯяд ин устоди навовар.

Абдусафо Умарҷонов соҳиби беш аз даҳ патенти ихтироъотӣ аст, ки яке аз он “Ҳавозаи панҷараи пахтатозакунӣ” ном дошта, феълан дар яке аз корхонаҳои пахтатозакунии ноҳияи Ҷаббор Расулов ба василаи ин дастгоҳ аз пахта чигитро ҷудо карда пахтаро маҳин мекунанд. 

Соли 2009 ӯ беҳтарин ихтироъкори соли  вилояти Суғд эълон шуда буд. Соли 2017 низ барои фановариҳои навоварона дар таълими муҳандисон Абдусафо Умарҷонов бо медали тиллои Иттиҳодияи муҳандисони Русия мукофотонида шудааст.

Академияи илмҳои табиии Русия низ дар натиҷаи омӯзиши ихтироъоту корҳои илмияш ба ӯ унвони профессори Академияро дод  ва ба узвияти Ассотсиатсияи таълимии муҳандисони Русия қабул кард. Ин Академия ба беш аз 16 ҳазор мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногун, аз ҷумла муҳандисии кишварҳои пасошӯравӣ чунин унвонро додааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".