Русия квотаҳои донишҷӯёни хориҷиро барои таҳсил дар макотиби олии Русия зиёд кард

Шумори квотаҳо ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, аз ҷумла ҳамватанони муқими хориҷи кишвар аз ҳисоби буҷет барои таҳсил дар макотиби олии Русия зиёд карда мешавад. Қарори мазкур аз ҷониби сарвазири Русия Михаил Мишустин ба имзо расид. Мувофиқи ин санад, соли 2021 шумори квотаҳо 18 ҳазор, соли 2022 – 23 ва шурӯъ аз соли 2023 […]

Шумори квотаҳо ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, аз ҷумла ҳамватанони муқими хориҷи кишвар аз ҳисоби буҷет барои таҳсил дар макотиби олии Русия зиёд карда мешавад. Қарори мазкур аз ҷониби сарвазири Русия Михаил Мишустин ба имзо расид.

Мувофиқи ин санад, соли 2021 шумори квотаҳо 18 ҳазор, соли 2022 – 23 ва шурӯъ аз соли 2023 – 30 ҳазор нафарро ташкил хоҳад дод.

Соли 2020 ин шумор ба 15 ҳазор баробар буд. Чун солҳои пешин Тоҷикистон аз ин шумор 630 квота гирифта буд.

Аммо имсол бар асари пандемияи коронавирус беш аз 4 ҳазор нафар донишҷӯёни тоҷики машғули таҳсил дар муассисаҳои таълимии Русия ба ин кишвар сафар карда натавонистанд. Миёни онҳо шахсоне ҳам буданд, ки ҳамин сол тариқи квота ба мактабҳои олии Русия дохил шуданд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи ноябр роҳбари Агентии федералии умури ИДМ, ҳамватанони муқими хориҷа ва ҳамкории байнулмилалии гуманитарӣ (Россотрудничесто) Евгений Примаков зимни як онлайн-конфронс изҳор дошт, ки дар баробари квотаҳои таҳсили бепул дар макотиби олӣ, Русия ба донишҷӯёни хориҷӣ гранту стипендияҳо низ пешниҳод хоҳад кард.

Ҳамаи маълумот дар бораи квотаҳои соли 2021 дар Тоҷикистон барои таҳсил дар Русия охири моҳи январ дастрас мегардад. Дар бораи оғози он дар саҳифаи Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе дар Facebook эълон нашр мешавад.

Ҳамаи маълумоти зарурии вобаста ба дохилшавиро бо суроғаи зерин дарёфт карда метавонед: http://rs.gov.ru/ru/pages/1300.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".