СММ: соли 2020 ҳаҷми содирот аз Осиёи Марказӣ 24% кам шуд

Соли 2020 бар асари пандемияи коронавирус ҳаҷми савдои байнулмилалии кишварҳои минтақаи Осиёи ва Уқёнуси Ором дар муқоиса бо соли гузашта ба андозаи 1,9% коҳиш ёфт. Дар минтақаҳои дигари ҷаҳон вазъият аз ин ҳам бадтар аст, хабар медиҳад Маркази иттилооти СММ. Тибқи маълумоти Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) соли 2020 […]

Соли 2020 бар асари пандемияи коронавирус ҳаҷми савдои байнулмилалии кишварҳои минтақаи Осиёи ва Уқёнуси Ором дар муқоиса бо соли гузашта ба андозаи 1,9% коҳиш ёфт. Дар минтақаҳои дигари ҷаҳон вазъият аз ин ҳам бадтар аст, хабар медиҳад Маркази иттилооти СММ.

Тибқи маълумоти Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) соли 2020 ҳаҷми савдои ҷаҳонӣ дар маҷмӯъ ба андозаи 14,5% кам шуд. Дар ин росто поинравии дуфоизаи он дар кишварҳои ЭСКАТО дурнамои бештар умедворкунанда дорад.

Тавре интизорӣ меравад, соли 2020 ҳиссаи минтақа дар содирот ва воридоти ҷаҳонии молу маҳсулот то сатҳи баландии рекордӣ – мутаносибан то 41,8% ва 38,2% боло меравад. Ин нишондиҳанда соли пешин мутаносибан ба 39,9% ва 36,9% баробар буд.

Аммо гардиши савдо дар минтақа аз як кишвар то кишвари дигар фарқи зиёд дорад. Ба ин тариқ, поинравии аз ҳама бештари савдо – содироту воридот – дар Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷанубу Ғарбӣ ба амал омад.

Дар кишварҳои Осиёи Шимолӣ ва Марказӣ оид ба содирот нишондиҳандаҳои пасттарин ба қайд гирифта шуда, он асосан бар асари поинравии нархи нафт ба миқдори 24,4% коҳиш ёфт.

Коршиносони ЭСКАТО бар ин назаранд, ки дурнамои барқарор шудани савдо дар минтақа бинобар сабаби шароити номусоиди макроиқтисодӣ, бекории сатҳаш баланд, қарзҳои бузург ва дефлятсия (кам шудани миқдори пул дар натиҷаи бардоштани қурби он) хеле норавшан мебошад.

Котиби иҷроияи ЭСКАТО Армида Салсиа Алисҷабана изҳори нигаронӣ мекунад, ки оқибатҳои харобиовари COVID-19 ба он оварда мерасонанд, ки миллионҳо аҳолии минтақа дар ҳоли фақр қарор мегиранд.

Дар ЭСКАТО зикр мекунанд, ки дар баробари савдо, дар минтақа ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ низ кам шуд. Нисбат ба 9 моҳи соли 2019 дар семоҳаи сеюми соли 2020 ҳаҷми онҳо 40% поин рафт.

Коршиносон аз эҳтимол дур намедонанд, ки соли 2021 ҳаҷми сармоягузориҳо мисли пешин пасттар аз сатҳи то буҳрон боқӣ мемонанд. Дурнамои барқароршавии онҳо бештар ба давомнокии буҳрон дар соҳаи тандурустӣ, самаранокии сиёсат оид ба ҳавасмандсозии сармоягузорӣ ва оқибатҳои иҷтимоиву иқтисодии панемия вобаста хоҳанд буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

ЧОРАБИНИИ РӮЗ Имрӯз, соати 14:00 дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 60-солагии нашри достони "Мавҷҳои Днепр"-и устод Муъмин Қаноат маҳфили илмиву адабӣ баргузор...

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.