Шумори мансабдорон дар Ӯзбекистон 15% ихтисор мешавад

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 29 декабр зимни ироаи паём ба парлумони кишвар изҳор дошт, ки шумори кормандони идоракунии давлатӣ бояд 15% коҳиш дода шавад, хабар медиҳад CentralAsia. Ба гуфтаи ӯ, низоми мазкур начандон пурсамар кор мекунад. Мушкилот дар беҳад тамаркузи ҷараёни қабули қарор дар вазорату идораҳо ифода ёфта, бисёр вақт вазифаҳо такрор мешаванд, чунки пурра […]

Asia-Plus

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 29 декабр зимни ироаи паём ба парлумони кишвар изҳор дошт, ки шумори кормандони идоракунии давлатӣ бояд 15% коҳиш дода шавад, хабар медиҳад CentralAsia.

Ба гуфтаи ӯ, низоми мазкур начандон пурсамар кор мекунад. Мушкилот дар беҳад тамаркузи ҷараёни қабули қарор дар вазорату идораҳо ифода ёфта, бисёр вақт вазифаҳо такрор мешаванд, чунки пурра онҳо пурра таъин нашудаанд.

Мирзиёев қайд кардааст, ки бархе аз муовинони вазирон ва роҳбарони зинаи миёна аз масъулият худро канор гирифта, ташаббус зоҳир намекунанд.

Сарвари давлати ҳамсоя бар ин назар аст, ки ин мушкилот дар натиҷаи саводнокии начандон хуб ва малакаҳои нокофӣ, ҳисси масъулият надоштан ва коррупсия ба вуҷуд омадааст. Мансабдорон мушкилоти воқеиро ҳал накарда, ба машваратҳои нолозим ва коғазбозӣ машғуланд.

Мирзиёев ба ҳукумат ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо дар ин самт ва ба ҳадди зарурӣ овардани шумори кормандони соҳаи идоракунии давлатӣ ду моҳ муҳлат дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.