Ғолибони Олимпиадаи ҷаҳонии роботҳо WRO – Tajikistan-2020 дар Душанбе муайян шуданд

Марҳилаи миллии Олимпиадаи ҷаҳонии роботҳо WRO – Tajikistan-2020 рӯзи якшанбе, 24 январ дар Литсей барои кӯдакони лаёқатманди №3 шаҳри Душанбе доир гардид. Олимпиада дар шакли фестивал баргузор шуд. Дар Марҳилаи миллӣ кӯдакон ва наврасони синни 10-16-сола аз мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Мутаносибан, Олимпиада дар ду дараҷаи синнусолӣ: elementary ва junior […]

Нигора Фазлиддин, Asia-Plus

Марҳилаи миллии Олимпиадаи ҷаҳонии роботҳо WRO – Tajikistan-2020 рӯзи якшанбе, 24 январ дар Литсей барои кӯдакони лаёқатманди №3 шаҳри Душанбе доир гардид. Олимпиада дар шакли фестивал баргузор шуд.

Дар Марҳилаи миллӣ кӯдакон ва наврасони синни 10-16-сола аз мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Мутаносибан, Олимпиада дар ду дараҷаи синнусолӣ: elementary ва junior гузашт.

Имсол ихтироъкорони ҷавон маҳорату малкаи худро аз рӯйи мавзӯи “Гурӯҳи иқлимӣ (Климатический отряд) намоиш доданд.

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Олимпиада созмондеҳи он, мудири Лигаи Роботҳои Душанбе Меҳрон Ортиқов қайд кард, ки баргузории чунин ҷорабиниҳо ба туфайли роҳандозии сиёсат дар самти ҷавонон аз ҷониби раҳбарияти кишвар муяссар шуд.

“Сарвари давлат дар ҳар суханронӣ ба ҷавонон муроҷиат намуда, аз онҳо даъват мекунад, ки маълумот гиранд, забону технологияҳои навоваронаро омӯзанд. Чунин чорабиниҳо натанҳо барои бедор кардани таваҷҷуҳи кӯдакону наврасон ба технологияҳои инноватсионӣ, балки ба тарбияи насли нави ихтироъкорон низ равона шудаанд”, – гуфт Ортиқов.

Дар бораи фароҳам шудани шароитҳои мусоид барои рушди кӯдакону наврасон муовини директори Маркази ҷумҳуриявии “Ҷуситуҷӯ ва рушди истеъдодҳо (Поиск и развитие талантов) Хуршедшоҳ Қаюмов низ изҳори назар кард.

“Раҳбарияти кишвар барои муҳайё намудани шароити мусоид баҳри рушди ҳар як кӯдаку наврас ҳамаҷониба талош меварзад, зеро тавре сарвари давлат қайд мекунад, ин фонди тиллоии кишвар ва миллати мост. Баргузории чунин чорабиниҳо хеле муҳим аст, зеро барои мо навоварон заруранд ва мо онҳоро ҳамеша дастгирву ҳавасманд месозем”, – меггӯяд Хуршедшоҳ Қаюмов.

Ба гуфтаи Ситора Бобохонова, намояндаи шаҳрдории пойтахт, чунин чорабиниҳо ҳамаи кӯдакону наврасони Тоҷикистонро муттаҳид сохта, онҳо дар навбати худ, ба ҳамсолни худ намунаи ибррат мешаванд ва тариқи рушди технологияҳои нав сатҳи зиндагӣ низ баланд мешавад.

Дар мусоҳибаи хосса ба “Азия-Плюс” Меҳрон Ортиқов қайд кард, ки дар олимпиада 16 даста ширкат варзида назди онҳо вазифа гузошта шуд, ки роботҳое бисозанд, ки тавонанд дар мубориза бо зуҳуроти гуногуни экологӣ ва табиӣ кумак кунанд, масалан, роботҳое, ки роҳро аз барф тоза карда тавонанд ва онро хокпӯш кунанд.

“Кӯдакону наврасон бояд мустақилона лоиҳа таҳия намоянд ё роҳи ҳалли мушкилорто пайдо созанд, ки бо роҳи автоматӣ иштироки инсон дар он пурра аз байн равад, – иброз дошт ӯ. – Мавзӯи технологияҳои инноватсионӣ, аз ҷумла роботҳо беохир аст. Ин мошини вақтест, ки моро ба оянда расонида метавонад ва ба туфайли инноватсияҳо, он аллакай фаро расидааст”.

Пас аз кори пурмашаққат ва самаранок шоми ҳамон рӯз ҳайати ҳакамон ғолибони Марҳилаи миллии Олимпиадаи ҷаҳонии роботҳо WRO – Tajikistan-2020-ро эълон карданд.

Дар категорияи хурдсолон зинаи аввалро дастаи "BestTeam", зинаи дуюмро – дастаи SEALM.LM.TEAM ва мақоми сеюмро – дастаи "Мегамозги" ишғол намуданд.    

Дар категорияи миёна мақоми аввалро дастаи "Патриоты", мақоми дуюмро – дастаи "Очкарики" ва зинаи сеюмро – дастаи "Femi-Smart" касб карданд.

Баргузории чорабинии Марҳилаи миллии Олимпиадаи ҷаҳонии WRO ба туфайли талошҳои Лигаи Роботҳои Душанбе муяссар гардид, ки Созмондеҳи миллии Олимпиадаи ҷаҳонии Роботҳо дар кишвар мебошад.

Ёдрас мекунем, ки ҳадаф аз баргузории олимпиадаи мазкур дубора барқарор намудани маълумоти муҳандисӣ дар Тоҷикистон, баланд бардоштани таваҷҷуҳи насли наврас ба фаъолияти илмӣ-техникӣ ба хотири инкишофи ҷомеа тариқи рушди технологияҳои нав дар Тоҷикистон унвон мешавад.

Олимпиада бо дастгирии ҳукумати шаҳри Душанбе, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, сафорати ИМА, ташкилоти «Креативное Развитие Таджикистана созмон дода шуд. iamdifferent, фабрикаи қаннодии «Ширин», New ERA Dance & Fitness Studio ба сифати шарикон саҳм гузоштанд. Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” дастгирии иттилооти чорабиниро таъмин кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.