Дар Тоҷикистон китоби “Худомӯзи саводи расонаӣ” омода ва нашр шуд

Дар Тоҷикистон китоби омӯзишии "Худомӯзи саводи расонаӣ" нашр шудааст, ки шакли электронии он дастраси ҳамагон аст, хабар медиҳад маркази иттилоот ва таҳлили Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров. Муаллифи китоб Илҳом Ҷамолиён, рӯзноманигори варзида, номзади илмҳои филологӣ, сармуаллими кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад.  Дар муқаддимаи […]

"Се нуқта"

Дар Тоҷикистон китоби омӯзишии "Худомӯзи саводи расонаӣ" нашр шудааст, ки шакли электронии он дастраси ҳамагон аст, хабар медиҳад маркази иттилоот ва таҳлили Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.

Муаллифи китоб Илҳом Ҷамолиён, рӯзноманигори варзида, номзади илмҳои филологӣ, сармуаллими кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад. 

Дар муқаддимаи китоб зикр шудааст, ки саводи расонаӣ як қатор малака ва маҳоратҳоеро, ки барои ҷустуҷӯи самаранок, таҳлили интиқодӣ, истифода ва интишори иттилооту муҳтаво, дарки аҳамияти ҳуқуқи инсон дар интернет, тарзи муқовимат бо сайберозорӣ ва хушунат дар фазои маҷозӣ, дарки масъалаҳои ахлоқии марбут ба дастрасӣ ва истифодаи иттилоот, ҳамкорӣ бо намояндагони васоити ахбори омма ва технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ҷиҳати мусоидат ба баробарӣ, озодии баён, муколамаи байни фарҳангҳо, сулҳ ва ғайра заруранд, фаро мегирад.

Худомӯзи саводи расонаӣ аз 10 дарс иборат мебошад. Матни он тавъам бо инфографикаи тафсирӣ хонандаро бо алифбои расонашиносӣ, тафаккури интиқодӣ, диҷитолшиносӣ, тарғиботшиносӣ ва шинохти шеваҳои дасткорӣ, далелсанҷӣ ва расонаҳои рақамӣ, интернетшиносӣ, шинохти шабакаҳои иҷтимоӣ, шеваҳои худмуҳофизатӣ ва амнияти рақамӣ ва ғайра ошно месозад.

Дар поёни ҳар дарс суолномае доир ба мавзӯи азхудшуда пешкаш мешавад.

«Худомузи саводи расонаӣ» ҷанбаи умумии омӯзишӣ дошта, метавонад мавриди истифодаи донишҷӯёни мактабҳои оливу миёна ва одамони касбу пешаи гуногун, аз ҷумла рӯзноманигорон қарор гирад.

Китоби мазкурро метавонед аз ин ҷо боргирӣ намоед: https://bit.ly/3oTpKhg

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” нашр шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.