Фолбини маҳаллӣ дар Душанбе боздошт ва ҷарима шуд

Кормандони милитсияи пойтахт далели навбатии машғул шудани зани сокини шаҳри Душанбе ба фолбиниву сеҳру ҷодуро ошкор намуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, Зуҳро Абдуллоеваи 49-сола, сокини кӯчаи Ҳуайдуллоеви пойтахт аз рӯйи далели машғул шудани ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ боздошт шудааст. https://www.youtube.com/watch?v=KbTNUsEc_co “Номбурда худро ҳамчун табиби халқи муаррифӣ намуда, вале […]

Asia-Plus

Кормандони милитсияи пойтахт далели навбатии машғул шудани зани сокини шаҳри Душанбе ба фолбиниву сеҳру ҷодуро ошкор намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, Зуҳро Абдуллоеваи 49-сола, сокини кӯчаи Ҳуайдуллоеви пойтахт аз рӯйи далели машғул шудани ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ боздошт шудааст.

https://www.youtube.com/watch?v=KbTNUsEc_co

“Номбурда худро ҳамчун табиби халқи муаррифӣ намуда, вале дар асл бо истифода аз ҳар гуна ашё ва ҷисмҳои карахт, гӯиё ба дарди шаҳрвандон даво мебахшида бошад, шаҳрвандонро дар манзили истиқоматии худ сеҳру ҷоду мекардааст”, – қайд мешавад дар хабари Раёсат.

Гуфта мешавад, зимни боздошти зан дар манзили ӯ як қатор ашёҳои барои сеҳру ҷоду истифодашаванда дарёфт ва ҳамчун далели шайъӣ мусодира карда шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Зуҳро Абдуллоева бо моддаи 482 КҲВМ ҶТ  (машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ) протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шуд. Ҳамзамон барои минбаъда ба ин амал мардумфиребона машғул нашудан ба таври қатъӣ огоҳонида шуд.

Дар ин моддаи Кодекси ҳуқуқвайронукунии маъмурӣ ҷарима ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.