Рустами Эмомалӣ ширкати сохтмонии Бег Сабурро вориди рӯйхати сиёҳ кардааст

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ширкати сохтмонии "Комил-2010"-ро, ки гуфта мешавад мутааллиқ ба Бег Сабур раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аст, вориди рӯйхати сиёҳ кардааст. Дар ин бора Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон имрӯз дар нишасти хабарии ин ниҳод, ки ҳамин ҳоло ҷараён дорад, ба рӯзноманигорон иттилоъ дод. Зувайдзода гуфт, ки дар биноҳое, ки […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ширкати сохтмонии "Комил-2010"-ро, ки гуфта мешавад мутааллиқ ба Бег Сабур раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аст, вориди рӯйхати сиёҳ кардааст. Дар ин бора Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон имрӯз дар нишасти хабарии ин ниҳод, ки ҳамин ҳоло ҷараён дорад, ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Зувайдзода гуфт, ки дар биноҳое, ки ширкати "Комил-2010"-и Бег Сабур сохтааст, аллакай санҷиши давлатӣ оғоз шудааст.  Дар се иншоот онҳо аллакай камбудиву норасоиҳо бартараф карда шуданд ва барои қабули комиссияи давлатӣ омода шудаанд. Дар як иншооти дигар дар маҳаллаи Зарафшон низ тафтиш оғоз мешавад, ки онҷо камбуд хеле зиёд аст. Вале мо ҳоло иҷозатномаашро бозхонд карда наметавонем, зеро мардуме, ки хона харидаанд, зарар мебинанд. Дар ҳоли ҳозир ин ширкат бо қарори раиси шаҳр ба рӯйхати сиёҳ ворид карда шудааст, ба онҳо на замин барои сохтмон дода мешаваду на иҷозаи сохтмон".

Ширкати "Комил-2010", ки расман ба номи писари Бег Сабур номнавис шудааст, яке аз ширкатҳои фаъоли сохтмонӣ дар бозори бунёди хонаҳои истиқоматӣ аст, ки солҳои ахир аз сифати кори ин ширкат шикоятҳо зиёд шудаанд. 

Пештар расонаҳо борҳо навишта буданд, ки худи Бег Сабур дар идораи давлатӣ – Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба хариду фурӯши хонаҳое машғул аст, ки ширкатҳои сохтмониаш бунёд мекунад. 

Дар ҳоли ҳозир, ба гуфти Зувайдзода, дар Тоҷикистон 2018 ширкати сохтмонӣ иҷозатнома доранд, ки аз ин 53 ширкат хориҷиянд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.