Суди Бошқирдистон сокини Ворухро як моҳ ба ҳабс гирифт

Суди ноҳияи Кугарчини Ҷумҳурии Бошқирдистони Русия қарор кард, ки Фурқат Абдуфаттоевро то 2 март ба ҳабс гирифта, сипас масъалаи истирдоди ӯро ба Қирғизистон баррасӣ мекунад, хабар доданд пайвандони боздоштшуда. Абдуфаттоев зимни мурофиа дар қаламрави Қирғизистон ҳузур доштанашро ҳангоми содир шудани ҷинояитҳо, ки ӯро дар онҳо гумонбар медонанд, рад карда, қайд кардааст, ки дар Қирғизистон метавонад […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Суди ноҳияи Кугарчини Ҷумҳурии Бошқирдистони Русия қарор кард, ки Фурқат Абдуфаттоевро то 2 март ба ҳабс гирифта, сипас масъалаи истирдоди ӯро ба Қирғизистон баррасӣ мекунад, хабар доданд пайвандони боздоштшуда.

Абдуфаттоев зимни мурофиа дар қаламрави Қирғизистон ҳузур доштанашро ҳангоми содир шудани ҷинояитҳо, ки ӯро дар онҳо гумонбар медонанд, рад карда, қайд кардааст, ки дар Қирғизистон метавонад мавриди шиканҷа қарор гирад.

Фурқат Абдуфаттоеви 45-сола бо дархости Қирғизистон барои гӯё иштирокаш дар бетартибиҳои оммавӣ зимни муноқишаҳои сарҳадӣ боздошт шуд. ВКХ Тоҷикистон изҳор дошт, ки Абдуфаттоев таҳти ҳимояи Тоҷикистон буда, ба Қирғизистон дода шуда наметавонад.

Адвокати ӯ Илдар Исанбаев аллакай шикояти таҷдиди назар бурда, дар он зикр кардааст, ки барои ҳабси зерҳимояаш ҳеҷ асосе нест.

“Дар давраи баррасии қазия ҳадди ниҳоӣ ӯро ба ҳабси хонагӣ маҳкум карда метавонистанд. Ҳабс барвақт аст”, – иброз доштааст ӯ.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба ВКХ Русия мактуб фиристода, дархост намуд, ки ҷиҳати ошкор кардани ҳолату сабабҳои боздошти Абдуфаттоев мусоидат карда шавад.

“Дар ҳамин ҳол, бо истинод ба иштирокчиёни Конвенсияи Минску Кишинёв будани Русия ваТоҷикистон, то ошкор гардидани ҳамаи ҳолатҳои ин қазия, Русияро ба риояи моддаи 57-и Коенвенсияи Минск ва моддаи 89-и Конвенсияи Кишинёв даъват мекунем”, – қайд мешавад дар мактуби сафорат.

Тибқи маълумоти ҷониби Қирғизистон, Абдуфаттоев зимни муноқишаи сарҳадии 13 марти соли 2019 тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардааст.

Дар ҳамин ҳол, тавре қайд мешавад, Фурқат Абдуллоев дар ин вақт дар Новосибирск буда, 29 марти соли 2019 ба Тоҷикистон баргаштааст: муҳрҳои хадамоти сарҳадбонии Русия ва Тоҷикистон вуҷуд доранд. Ҳамчунин дар рӯзи аз ҷониби Қирғизистон зикршуда – 13 март ӯ маблағи патентро пардохтааст.

Хабари таҳти пайгард қарор гирифтани сокинони Ворух дар бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ сарусадоҳои зиёд ба бор овард. Аз ҷумла сокинони ҷамоат аз он изҳори норозигӣ кардаанд, ки ҳукумати Тоҷикистон нисбати шаҳрвандони Қирғизистон, ки наздикону пайвандони онҳоро ҳангоми муноқишаҳои марзӣ куштаанд, парвандаҳои ҷиноятӣ боз накардааст.

Муфассалтар дар ин маводи мо: «Почему в России задержали жителей Воруха, и кто найдёт убийцу их родных?»

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио