Боздошти корманди Вазорати адлия бо 18 ҳазор сомонӣ талаби пора

Як корманди корҳои ислоҳии Вазорати адлия барои мусоидат кардан дар таъини ҷазои сабуктар ва гирифтани пора боздошт ва нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии назортаи давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, санаи 21 июли соли 2020 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Абдумаҷид Собиров баъди аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 8000 […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Як корманди корҳои ислоҳии Вазорати адлия барои мусоидат кардан дар таъини ҷазои сабуктар ва гирифтани пора боздошт ва нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии назортаи давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, санаи 21 июли соли 2020 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Абдумаҷид Собиров баъди аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 8000 сомонӣ дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд.

Гуфта мешавад, ки номбурда дар вазифаи нозири Шуъбаи корҳои ислоҳии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказии СРИҶҶ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

«Ӯ  бо истифодаи мақоми хизматӣ, барои мусоидат кардан дар таъини ҷазои сабуктар нисбат ба шаҳрванд «А», ки парвандаи ҷиноятии ӯ дар суди ноҳияи Шаҳринав мавриди баррасӣ қарор дошт, аз охирин маблағи 10.000 сомонӣ талаб карда гирифта, боз оварда додани маблағи 8.000 сомонии дигарро талаб намуд», – омадааст дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки бар ин асос нисбат ба гумонбар бо моддаи 247 қисми 3 банди «а» Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.