Тамринҳои низомии густардаи Қирғизистон дар марз бо Тоҷикистон

Бино ба иттилои ВАО-и Қирғизистон, охири моҳи март – аввали моҳи апрел дар вилоятҳои Бодканд, Ош ва Ҷалолободи Қирғизистон, ки бо Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамсарҳаданд, тамринҳои низомии густардаи Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон баргузор мешаванд. ВАО-и Қирғизистон бо истинод ба изҳороти расмии ҳукумат хабар медиҳанд, ки дар ҷараёни машқҳо “кори мақомоти ҳарбӣ, идоракунии давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бино ба иттилои ВАО-и Қирғизистон, охири моҳи март – аввали моҳи апрел дар вилоятҳои Бодканд, Ош ва Ҷалолободи Қирғизистон, ки бо Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамсарҳаданд, тамринҳои низомии густардаи Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон баргузор мешаванд.

ВАО-и Қирғизистон бо истинод ба изҳороти расмии ҳукумат хабар медиҳанд, ки дар ҷараёни машқҳо “кори мақомоти ҳарбӣ, идоракунии давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар шароити вазъи ҳарбӣ ва фавқулода, амалан сафарбар кардани  қисмҳои ҳарбӣ ва иҷрои вазифаҳои ҷангӣ дар шароити ташаннуҷи вазъ санҷида мешавад”.

Дар тамринҳо дар вилояти Ботканд, ки бевосита дар наздикии марз бо Тоҷикистон воқеъ аст, мақомоти идоракунии Қувваҳои мусаллаҳ, дастгоҳи намояндаи ваколатдори ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Ботканд, маъмурияти давлатии ноҳияҳо, шаҳрдории Ботканд, инчунин воҳидҳои минтақавии КҲФ, ВКД, КДАМ ва Вазорати тандурустӣ иштирок мекунанд.

Гуфта мешавад, ба тамринҳо ҳудуди ду ҳазор нафар сафарбар шуда, даҳҳо адад техникаи ҳарбӣ, аз ҷумла 100 адад автомашина, техникаи зиреҳпӯш ва махсус, то 20 адад низоми артиллерӣ ва то 10 адад техникиаи авиатсионӣ ба вилояти Ботканд интиқол дода шудаанд.

Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар доданд, ки онҳо дар бораи тамринҳои низомии Қирғизистон дар наздикии сарҳад огаҳӣ доранд.

Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода изҳор намуд, ки мутобиқи созишномаҳои байнулмилалӣ, кишварҳои ҳамсоя уҳдадоранд, ки ҳамдигарро дар бораи чунин тамринҳои низомӣ огаҳ кунанд.

Ба иттилои як манбаи “Азия-Плюс” дар ҳукумати Тоҷикистон, президенти Қирғизистон Содир Жапаров пеш аз оғози ин тамринҳо ният дорад, ки бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф орад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.