Ноиби сарвазири Қазоқистон ба Душанбе меояд

Дар Душанбе рӯзи 16 март ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва илмиву техникӣ баргузор мешавад. Дар кори ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои марбутаи ҳарду кишвар ширкат меварзанд. Ҷаласа таҳти ҳамрасии муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва ноиби сарвазири Қазоқистон Роман Скляр доир мегардад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз […]

Дар Душанбе рӯзи 16 март ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва илмиву техникӣ баргузор мешавад.

Дар кори ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои марбутаи ҳарду кишвар ширкат меварзанд.

Ҷаласа таҳти ҳамрасии муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва ноиби сарвазири Қазоқистон Роман Скляр доир мегардад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.

Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва сармоягузорӣ баррасӣ намуда, ба масоили дастгирии тиҷорату хурду миёна, ҳифзи муҳити зист, рушди мунисбатҳои минтақавӣ, меъморӣ ва шаҳрсозӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳангу маориф ва ғайра мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.