КҲФ: ҳафт ҳодисаи тармафароӣ дар як шабонарӯз

Давоми шабонарӯзи гузашта дар қаламрави Тоҷикистон ҳафт ҳодисаи тармафароӣ ба қайд гирифта шуд. Ба ин тариқ, 14 март дар қаламрави ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон ва Ишкошими ВМКБ тарма фаромад, ки дар натиҷа ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар қитъаҳои гуногуни роҳҳои Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб ва Хоруғ-Кӯлоб-Душанбе муваққатан мутаваққиф шуд. Ҳамчунин дар километрҳои 71, 73 ва 79-уми роҳи Душанбе-Айнӣ тарма […]

Давоми шабонарӯзи гузашта дар қаламрави Тоҷикистон ҳафт ҳодисаи тармафароӣ ба қайд гирифта шуд. Ба ин тариқ, 14 март дар қаламрави ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон ва Ишкошими ВМКБ тарма фаромад, ки дар натиҷа ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар қитъаҳои гуногуни роҳҳои Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб ва Хоруғ-Кӯлоб-Душанбе муваққатан мутаваққиф шуд.

Ҳамчунин дар километрҳои 71, 73 ва 79-уми роҳи Душанбе-Айнӣ тарма фаромада, ба танбашавии воситаҳои нақлиёт боис гардид. Дар километри 303-юми роҳи мошингарди Ваҳдат-Лахш-Саритоши Қирғизистон дарозии тарма қариб ба 100 метр ва баландиаш – ба 4 метр мерасид. Хушбахтона, аз ин тармаҳо талафоти ҷонӣ ва осеби манзилу дигар иншоот ба қайд гирифта нашудааст.

Айни замон роҳҳо аз тарма ва барфреза комилан тоза шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи онҳо барқарор шудааст.

Бино бар сабаби тағйирёбии вазъи обуҳаво, боришоти зиёд ва ҳолатҳои фавқулодаи имконпазир, ҳамаи воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаштанд. Наҷотбахшони Кумита дар роҳҳои асосии кӯҳии автомобилгарди кишвар – Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Ванҷ шабонарӯзӣ навбатдорӣ мекунанд.

Бар асари боришоти зиёди чанд рӯзи ахир ва болоравии ҳарорат, дар қаламрави мавзеи кӯҳистони Ноҳияҳои тобеи марказ, нишебиҳои ҷануби қаторкӯҳи Ҳисор ва қисмати ғарбии ВМКБ хавфи зиёди фаромадани тарма, сангреза ва сел, дар водиҳо ва доманакӯҳҳо фаромадани туман, инчунин яхбандии роҳ дар ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳистон дар назар аст.

Дар ин робита, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз аҳолӣ дархост мекунад, ки аз сафар ба қитъаҳои дорои хавфи тармафароӣ, ҷамъоварии ҳезум ва дигар растаниҳо дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳ, чаронидани чорво ва ба шикор баромадан худдорӣ варзанд.

Ба ронандагон Кумита боисрор тавсия медиҳад, ки ҳангоми ҳаракат тариқи ағбаҳо ва роҳҳои мавзеи кӯҳистон қоидаҳои бехатариро қатъиян риоя намоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.