Баъди болоравии босуръати нарх бензин дар нуқтаҳои фурӯш камёфт шуд

Дар Тоҷикистон пас аз болоравии назарраси арзиши бензин дар даҳаи аввали ҳамин моҳ, камбуди шадиди тамғаи бештар серхаридори он – АИ-92 рӯйи кор омад. Мавҷуд набудани арзонтарин тамғаи бензин 11 март дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шуд. Ба ронандагон лозим омад, ки ба ҳаннотон рӯ оранд, ки онҳо сӯзишвориро бо нархҳои […]

Пайрав Чоршанбиев, Алия Хамидуллина, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон пас аз болоравии назарраси арзиши бензин дар даҳаи аввали ҳамин моҳ, камбуди шадиди тамғаи бештар серхаридори он – АИ-92 рӯйи кор омад.

Мавҷуд набудани арзонтарин тамғаи бензин 11 март дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шуд.

Ба ронандагон лозим омад, ки ба ҳаннотон рӯ оранд, ки онҳо сӯзишвориро бо нархҳои баланд мефурӯхтанд. Сӯзишворӣ рӯзи дигар дар нуқтаҳои фурӯш пайдо шуда, то давраи камбуд бо арзиши 8,1 сомонӣ барои 1 литр фурӯхта мешуд.

Ин навъи бензин аз оғози сол ба андозаи 24,6% – аз 6,5 сомонӣ дар 1 январ то 8,1 сомонӣ то ба имрӯз қимат шуд.

Дар ҳамин ҳол, айни замон сокинони чанде аз шаҳрҳои вилояти Суғд ва шаҳри Хоруғ низ аз камёфтии бензин шикоят мекунанд.

“Дар буҳрони сӯзишворӣ нархи бензин дар шаҳр то 9,30 сомонӣ боло рафта, вале бо ҳамин нарх ҳам дар нуқтаҳои фурӯш нест ва танҳо ба воситаи шиносҳо харидан мумкин аст. Агар чунин давом кунад, ба истифодаи велосипед гузаштан лозим меояд”, – гуфт сокини Хоруғ Оқил Алиназаров.

Манбаъҳои мо дар вилояти Суғд мегӯянд, бо камбуди бензини “тамғаи мардумӣ” натанҳо сокинони шаҳри Хуҷанд, балки дигар шаҳру навоҳии шимоли Тоҷикистон низ дучор шудаанд.

“Ҳатто дар қаламравҳои наздисарҳадӣ, ки бензин ба ин ҷо маъмулан аз Қирғизистон оварда мешавад, дирӯз безин набуд”, – иброз дошт манбаъ.

Ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ мегӯянд, сабаби камбуди сӯзишворӣ боздоштани содирот дар Қазоқистон мебошад.

Ҳамчунин аз гароншавии сӯзишворӣ дар корхонаҳои коркарди нафти Русия бар асари болоравии нархи нафт дар ҷаҳон сухан меравад.

Ғайр аз ин, камбуд ба ахиран қатъ шудани интиқоли ғайриқонунии сӯзишворӣ аз Қирғизистон рабт дода мешавад, ки тибқи маълумоти расман тасдиқнашуда, то 30% аз талаботи умумии Тоҷикистон ба сӯзишворӣ ба ин роҳ интиқол меёбад.

Тоҷикистон ба мисли Қирғизистон маҳсулоти нафтии Русияро бо меъёрҳои баробар ба сифри содироти гумрукӣ мегирад. Фарқ дар нархи ниҳоӣ бо назардошти дар Қирғизистон мавҷуд набудани боҷҳо барои воридот бо сабаби дар як фазои гумрукӣ будан бо Русия, инчунин сарбории бештар баланди дохилии андоз дар Тоҷикистон ба вуҷуд меояд.

Ба нархгузорӣ масофаи роҳи оҳан то анборҳои нафти дохилӣ низ таъсир расонида, нисбат ба Душанбе масофа то Бишкек хеле кӯтоҳтар мебошад.

Дар натиҷа, нисбат ба Тоҷикистон бензини Русия дар Қирғизистон қариб 40% арзонтар фурӯхта мешавад, ки фарқияти хеле ҷолиб барои қочоқбари имконпазир аст.

Қобили зикр аст, ки талаботи дохилии Тоҷикистон ба маводи сӯзишворӣ бо назардошти шумори нақлиёти автомобилӣ 830 ҳазор тонна дар як сол арзёбӣ мешавад. Аммо амалан тибқи воситаҳои расмӣ ҷумҳурӣ ҳатто 600 ҳазор тонна гирифта наметавонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.