Нархҳоро бо фишор овардан танзим карда намешавад: иқтисоди бозор ин қоидаро надорад

Доду вой дар атрофи боло рафтани нарх дар арафаи Рамазон ҳам дигар як анъанае шудааст. Қаламбадастоне ҳам дорем, ки аз қабл ба табл задан оғоз мекунанд, чун ин хабар-падида серхаридор аст, зеро ба манфиати ағлаби мардуми кишвар марбут мебошад… Вале дар ин хусус, ки чаро нархҳо дар бозор баланданд ва баландтар мешаванд ва роҳҳалли дастрас […]

Абдухалил Холиқзода, мудири Бемористони Ибни Сино

Доду вой дар атрофи боло рафтани нарх дар арафаи Рамазон ҳам дигар як анъанае шудааст. Қаламбадастоне ҳам дорем, ки аз қабл ба табл задан оғоз мекунанд, чун ин хабар-падида серхаридор аст, зеро ба манфиати ағлаби мардуми кишвар марбут мебошад…

Вале дар ин хусус, ки чаро нархҳо дар бозор баланданд ва баландтар мешаванд ва роҳҳалли дастрас кардани онҳо чист, камтар матолиб ба мушоҳида мерасад.

Табиист, ки нархро дар бозор ниёз таъин мекунад. Яъне ҳаҷми маҳсулоте, ки ба бозор ворид мешавад, ба мизоне аст, ки бо ҳамин нархҳои баланд харидор дорад. Ин падида бозгӯи шикоф дар байни қишрҳои ҷомеа аст, ки падидаи матлубе нест ва таҳлилу пажӯҳиши онро ба ҷомеашиносон вомегузорем…

Савдогарро касе наметавонад ва набояд маҷбур кунад, ки арзон фурӯшад, дар иқтисоди бозорӣ чунин қоида нест. Дахолати ноҷо фақат ба камёб, бесифат ва боз ҳам гарон шудани нарх боис мешаваду бас. Нопадид шудани гӯшти барра дар бозорҳои Душанбе таъйиди ҳамин назар аст. Дар натиҷаи фишор бар қассобон барои “гарон” нафурӯхтани гӯшти барра, онҳо аз фурӯши он даст кашиданд, зеро барояшон суде намеорад…

Дастрас кардани нархи маводи ғизоии аввалия ду роҳ дорад. Роҳи аввал ба бозор ворид кардани ин мавод аз сӯи ниҳодҳои давлатӣ бо нархи арзон мебошад. Ин роҳ истисноист ва дар мавориди хос, аз қабили замони ҷанг, пандемӣ ва ғайра аз он истифода бурдан мумкин аст. Пеш аз ҳама ин роҳ ба буҷа бори изофа меорад, дуввум, як омили фасод аст ва сеюм, ба варшикаста шудани фурӯшандагони маҳсулоти ғизоӣ оварда метавонад. Хулоса ин роҳ зидди иқтисоди бозорӣ ва дар ҳоли ҳозир номатлуб аст.

Роҳи дуввум ва аслӣ бо сохтани фазои озод ва мусоиди соҳибкорӣ, фаровон гаштани маҳсулоти мазкур ва ба вуҷуд омадани рақобати солим муҳайё мешавад, ки дар натиҷа ба боло рафтани сифат ва поён омадани нарх мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунин фаъол гаштани соҳибкорӣ дар кишвар ҷойҳои корӣ месозад ва тавони харидории мардумро боло мебарад.

Вале ҳайҳот!

Мисли ин ки ҳатто пандемии вируси куруно ба мо панде надод. Ба ҷои фароҳам кардани фазои сармоягузорӣ ва сохтани ҷойҳои корӣ дар кишвар, ҳама чашмбароҳи кушодашавии парвоз ба Русия ҳастем…

Бознашр аз саҳфаи фейсбукии  муаллиф.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.