Машғулиятҳои мураббиёни ФИФА аз Ӯзбекистон барои доварони тоҷик

Дар меҳмонхонаи “Ширкент”-и шаҳри Турсунзода 12 апрел давраи омӯзишии «FIFA/MA Refereeing course» барои доварони тоҷик оғоз гардид, ки таҳти сарпарастии Федератсияи байнулмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) баргузор мешавад. Машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ дар муддати панҷ рӯз аз ҷониби мураббиён Фарҳод Абдуллоев ва Юлия Тарасова аз Ӯзбекистон гузаронида мешаванд. Дар ин давраҳои омӯзишӣ доварон аз Тоҷикистон Равшан […]

Asia-Plus

Дар меҳмонхонаи “Ширкент”-и шаҳри Турсунзода 12 апрел давраи омӯзишии «FIFA/MA Refereeing course» барои доварони тоҷик оғоз гардид, ки таҳти сарпарастии Федератсияи байнулмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) баргузор мешавад.

Машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ дар муддати панҷ рӯз аз ҷониби мураббиён Фарҳод Абдуллоев ва Юлия Тарасова аз Ӯзбекистон гузаронида мешаванд.

Дар ин давраҳои омӯзишӣ доварон аз Тоҷикистон Равшан Ишматов, Аҷмал Амиров ва Кристина Пронженко, инчунин 31 довари футбол иштирок мекунанд, хабар медиҳад маркази матбуоти ФФТ.

Дар маросими бозшавии давраҳои омӯзишӣ ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ҳузур дошт.  Ӯ изҳори умед кард, ки ин давраҳо ба беҳбуди сатҳи донишу огаҳии иштирокчиён, инчунин такмили маҳорати касбии онҳо мусоидат хоҳад кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.