Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов раиси порлумони кишвараш ҳам шуд

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон раисии порлумони ин кишвар – Халқ Маслаҳатиро соҳиб шуд. Маросими эъломи раиси нави порлумон рӯзи 14 апрел баргузор гардид, хабар медиҳад Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ хабар медиҳад Бердимуҳаммадов дар нахустин ҷаласаи порлумон шахсан эълом кардааст, ки вай раиси Халқ Маслаҳатӣ таъйин шудааст. Пештар аз ин расонаҳо  хабар дода буданд, ки ӯ […]

Asia-Plus

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон раисии порлумони ин кишвар – Халқ Маслаҳатиро соҳиб шуд. Маросими эъломи раиси нави порлумон рӯзи 14 апрел баргузор гардид, хабар медиҳад Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ хабар медиҳад

Бердимуҳаммадов дар нахустин ҷаласаи порлумон шахсан эълом кардааст, ки вай раиси Халқ Маслаҳатӣ таъйин шудааст.

Пештар аз ин расонаҳо  хабар дода буданд, ки ӯ узви порлумони Туркманистон интихоб шудааст.

Бердимуҳаммадови 63-сола аз вилояти Ахали кишвараш дар палатаи болоии порлумон намояндагӣ мекунад. Ба ин тартиб, Бердимуҳаммадов ҳамзамон ҳам раиси ҳокимияти қонунгузор ва ҳам раиси ҳокимияти иҷроияи Туркманистон шуд. Бердимуҳаммадов инчунин раиси ҳукумат, яъне сарвазири Туркманистон ба ҳисоб меравад.

Дар рӯйхати 111 даъвогари курсиҳои палатаи болоии порлумони он кишвар, ки рӯзи 1 март нашр шуд, номи Бердимуҳаммадов зикр наёфта буд. Аммо Комисияи марказии интихоботии он кишвар хабар дод, ки "барои узвият дар Халқ Маслиҳатӣ" 112 номзад сабти ном шуда буд. Зоҳиран, номи президенти Туркманистонро дар лаҳзаҳои охир шомил кардаанд.

Тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи он кишварро, ки моҳи сентябри соли гузашта ворид карданд, коршиносон талоши интиқоли қудрат унвон мекунанд.

Сардор Бердимуҳаммадов, писари Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов айни ҳол ноиб-сарвазир ва раиси Палатаи олии назоратии Туркманистон, ҳамчунин узви Шӯрои амниятии он кишвар аст. Коршиносон аз ӯ ба унвони ҷойнишини падар ёд мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.