Низомиёни тоҷику рус ҷангҷӯёнро аз замину фазо оташборон карданд

Воҳидҳои Қувваҳои мусаллаҳти Тоҷикистон ва пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар ҷараёни тамрини муштараки тактикӣ дар машқгоҳҳои Момирак ва Самбулӣ гурӯҳи шартии мусаллаҳро нобуд карданд. Дар марҳилаи оташфшонии тамрин дастгоҳҳои оташфишонии сайёр, танкчиён ва тӯпчиён (артиллеристон) ҳолатҳои пеш бурдани амалиёти ҷангиро оид ба муҳосира ва маҳви душмани шартӣ дар кӯҳҳо бо дастгирии авиатсияи ҷангӣ дар таҷриба […]

Asia-Plus

Воҳидҳои Қувваҳои мусаллаҳти Тоҷикистон ва пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар ҷараёни тамрини муштараки тактикӣ дар машқгоҳҳои Момирак ва Самбулӣ гурӯҳи шартии мусаллаҳро нобуд карданд.

Дар марҳилаи оташфшонии тамрин дастгоҳҳои оташфишонии сайёр, танкчиён ва тӯпчиён (артиллеристон) ҳолатҳои пеш бурдани амалиёти ҷангиро оид ба муҳосира ва маҳви душмани шартӣ дар кӯҳҳо бо дастгирии авиатсияи ҷангӣ дар таҷриба санҷиданд. Оташфишонӣ дар масофаи аз 100 то 5000 метр сурат гирифт.

Дар тамрини низомии тактикӣ, ки дар давраи аз 19 то 23 апрел зери роҳбарии фармондеҳи неруҳои Ҳавзаи ҳарбии марказии Русия генерал-полковник Александр Лапин доир мегардад, зиёда аз 3,5 ҳазор хидматчиёни ҳарбӣ иштирок карда, то 400 адад воҳидҳои техникаи ҳарбӣ сафарбар шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.