Як сарбозро барои сарпечӣ аз хидмат дар артиш 2 сол зиндонӣ карданд

Суди ҳарбии гарнизони Душанбе сокини ноҳияи Восеъ Саидшоҳ Маҳмадалиевро мутобиқи моддаи 376 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Саркашӣ аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ бо роҳи  узвмаибкунӣ  ё усули дигар) ба 2 соли зиндон маҳкум кард. Тавре дафтари матбуоти гарнизони ҳарбӣ хабар медиҳад, барои пеш аз муҳлат озод шудани аз хизмати ҳарбӣ Маҳмадалиев худро сохтакорона мубталои бемории руҳӣ […]

Суди ҳарбии гарнизони Душанбе сокини ноҳияи Восеъ Саидшоҳ Маҳмадалиевро мутобиқи моддаи 376 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Саркашӣ аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ бо роҳи  узвмаибкунӣ  ё усули дигар) ба 2 соли зиндон маҳкум кард.

Тавре дафтари матбуоти гарнизони ҳарбӣ хабар медиҳад, барои пеш аз муҳлат озод шудани аз хизмати ҳарбӣ Маҳмадалиев худро сохтакорона мубталои бемории руҳӣ вонамуд мекардааст.

“Саидшоҳ Маҳмадалиев моҳи октябри соли гузашт даъват шуда, дар яке аз қисмҳои низомии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия адои хизмат мекард, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ӯ дар давоми хизмат бинобар сустиродагӣ ба шароити хизмати ҳарбӣ тоб наоварда, бо мақсади тамоман озод шудан аз хизмати ҳарбӣ  бо мақсади бовар кунонидани фармондеҳии қисми ҳарбӣ ба беморӣ, худро сохтакорона мубталои бемории руҳӣ вонамуд мекард.

Тибқи маълумоти суд, фармондеҳии қисми ҳарбӣ ӯро барои гузаронидани ташхиси рӯҳӣ ба Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонӣ фиристода, табибон муайян кардаанд, ки Маҳмадалиев комилан солим аст ва гирифтори бемории руҳӣ набуда, рафтори сохтакорона кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.