Русия Тоҷикистонро бо технологияи пешрафта таъмин карданист

Директори намояндагии Бонки авруосиёии рушд (БАОР) дар Тоҷикистон Николай Никулин ва намояндаи ваколатдори Фонди авруосиёии субот ва рушд (ФАОСР) Масрур Назриев бо намояндаи савдои Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков вохӯрии корӣ гузарониданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти БАОР. Коренков ба БАОР пешниҳод намуд, ки дар лоиҳаҳои бузурги зерсохторӣ, ки дар онҳо таҳвили таҷҳизоти технологияи пешрафта барои […]

Директори намояндагии Бонки авруосиёии рушд (БАОР) дар Тоҷикистон Николай Никулин ва намояндаи ваколатдори Фонди авруосиёии субот ва рушд (ФАОСР) Масрур Назриев бо намояндаи савдои Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков вохӯрии корӣ гузарониданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти БАОР.

Коренков ба БАОР пешниҳод намуд, ки дар лоиҳаҳои бузурги зерсохторӣ, ки дар онҳо таҳвили таҷҳизоти технологияи пешрафта барои соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон ва бахши тандурустӣ пешбинӣ шудааст, иштирок кунад.

“БАОР ба оғози баррасии масъалаи иштирок дар лоиҳаҳои бештар муҳими сармоягузорӣ, ки ба рушд ва таҳкими имконоти иқтисодииТоҷикистон ва ҳамкории кишвар бо Русия мусоидат мекунанд, омода аст”, – гуфт Никулин.

Зимни вохӯрӣ ҷараёни иҷрои қарорҳои ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки моҳи январи соли 2021 дар Маскав доир гардид, низ баррасӣ шуд.

Қобили зикр аст, ки дар семоҳаи аввали соли равон Русия бори нахуст тайи даҳсолаҳои ахир дар зинаи аввал байни шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон қарор нагирифт.

Ҳаҷми умумии гардиши савдо байни Тоҷикистону Русия 223 млн долларро ташкил дод, ки 14% камтар нисбат ба семоҳаи аввали соли 2020 мебошад.

Дар савдои дуҷониба бо Тоҷикистон Швейтсария ва Қазоқистон аз Русия пеш гузаштанд.

Николай Никулин аввали ҳамин моҳ ба иҷрои вазифаҳои директори намяондагии БАОР дар Душанбе оғоз намуд.

Ӯ Рашид Қодировро иваз намуд, ки дар ин вазифа қариб 8 сол фаъолият дошт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.