Қирғизистон тасмим дорад рӯзноманигорони ҷаҳониро ба Бодканд даъват кунад

Қирғизистоон бар пайи даргириҳои ахирӣ марзӣ бо Тоҷикистон тасмим гирифтааст як гуруҳ рӯзноманигорони расонаҳои ҷаҳониро ба вилояти Бодканд даъват кунад. Рӯзноманигорон аз мавзеъҳое дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дидан мекунанд, ки дар натиҷаи муноқишаи марзӣ зиён диданд. Дар ин бора Галина Байтерек, сухангӯи президенти Қирғизистон иттилоъ дод. "Мо рӯзноманигоронро ба он хотир ба он ҷо мебарем, […]

Asia-Plus

Қирғизистоон бар пайи даргириҳои ахирӣ марзӣ бо Тоҷикистон тасмим гирифтааст як гуруҳ рӯзноманигорони расонаҳои ҷаҳониро ба вилояти Бодканд даъват кунад.

Рӯзноманигорон аз мавзеъҳое дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дидан мекунанд, ки дар натиҷаи муноқишаи марзӣ зиён диданд. Дар ин бора Галина Байтерек, сухангӯи президенти Қирғизистон иттилоъ дод.

"Мо рӯзноманигоронро ба он хотир ба он ҷо мебарем, ки иттилои ростинро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ расонем. Дар ҷои ҳодиса он чиро ки гузашт, ба рӯзноманигорон нишон медиҳему шарҳ медиҳем. Онҳо бо чашмони худ ҳама чиро мебинанд ва хулоса мебароранд", – гуфт Байтерек.

Ба гуфтаи вай, 26 рӯзноманигор аз 20 расона, ки 10 расонаи он байналмилалӣ аст, барои рафтан ба Бодканд сабти ном кардаанд.

Қариб 504 км марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон аломатгузорӣ ношуда боқӣ мондааст ва ин омил боиси сар задани даргиву баҳсҳои калоне дар ин авохир шуда истодааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 3-юми май эълон кард, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ, дар муноқишаи ахири марзӣ дар ҳудуди се ҷамоати Исфара 14 хона комилан ва 2 манзили зист қисман вайрон шуданд. Як иншооти ёрирасон низ зарар дидааст. Ҳамзамон қисман як мактаби миёна ва хонаи истиқоматӣ дар деҳаи Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тахриб гардидааст.

Раиси вилояти Суғд гуфт, хонаҳои вайроншударо то як моҳи дигар месозанд.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, дар натиҷаи муноқиша дар марз бо Тоҷикистон 78 манзил, ду мактаб, як нуқтаи тиббӣ, се дидбонгоҳи марзӣ, як боғча, 10 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, бинои шуъбаи корҳои дохилӣ ва 8 мағоза оташ гирифтааст. Онҳо гуфтанд, хонаҳоро то тирамоҳ барқарор мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.