Исмоили Маҳмадзоҳир набераи Эмомалӣ Раҳмон ба 500 хонавода дар ВМКБ ҳам ёрӣ расонидааст

Ҳукумати Вилояти мухтори Кӯҳистон хабар додааст, ки Исмоили Маҳмадзоир, наберераи Эмомалӣ Раҳмон ба 500 хонаводаи ниёзманд дар ин вилоят ёрии ғизоӣ кардааст. Ҳарчанд дар хабарномаи ҳукумати ВМКБ Исмоили Маҳмадзоир "соҳибкори ватании сокини шаҳри Бохтари вилояти Хатлон" муаррифӣ шудааст, аммо чанд рӯзи ахир дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ёриҳои ин набераи президент ба мардуми ниёзманд […]

admin

Ҳукумати Вилояти мухтори Кӯҳистон хабар додааст, ки Исмоили Маҳмадзоир, наберераи Эмомалӣ Раҳмон ба 500 хонаводаи ниёзманд дар ин вилоят ёрии ғизоӣ кардааст.

Ҳарчанд дар хабарномаи ҳукумати ВМКБ Исмоили Маҳмадзоир "соҳибкори ватании сокини шаҳри Бохтари вилояти Хатлон" муаррифӣ шудааст, аммо чанд рӯзи ахир дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ёриҳои ин набераи президент ба мардуми ниёзманд хабару аксҳо нашр мешавад.

Аз ҷумла чанд рӯз пеш хабаре ба зарардидагони ноҳияи Абдураҳмонии Ҷомии вилояти Хатлон ёрӣ расонидани Исмоили Маҳмадзоир низ расонаӣ шуда буд.  

Ба гуфтаи масъулони ҳукумати вилоят Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон "ба соҳибкории ҷавони шаҳри Бохтар барои кумак ба табақаи ниёзманди вилоят изҳори сипос баён намуданд".

Ҳукумати ВМКБ гуфтааст, ки "ин иқдом дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат баҳри дастгирии афроди камбизоат рӯи кор омада, дар арафаи Иди саиди Фитр дастрас гардид. Кумак аз қабили картошка, шакар, равған, биринҷ ва макарон буда он дастраси оилаҳои ниезманди вилоят мегардад".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.