Ҳушдори Вазорати маориф ба донишҷӯёни тоҷику қирғиз дар Тоҷикистону Қирғизистон

Вазорати маорифи Тоҷикистон дар як хабарномаи фаврӣ аз донишҷӯёни тоҷике дар Қирғизистон ва донишҷӯёне қирғизе, ки дар Тоҷикистон таҳсил мекунанд, хостааст, ки ба таҳсили худ давом диҳанд ва ба ҳеч гуна сару садо ва овозаҳои беасосе бовар накунанд. "Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Қирғизистон […]

Вазорати маорифи Тоҷикистон дар як хабарномаи фаврӣ аз донишҷӯёни тоҷике дар Қирғизистон ва донишҷӯёне қирғизе, ки дар Тоҷикистон таҳсил мекунанд, хостааст, ки ба таҳсили худ давом диҳанд ва ба ҳеч гуна сару садо ва овозаҳои беасосе бовар накунанд.

"Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Қирғизистон ва шаҳрвандони Қирғизистон, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, мерасонад, ки ба ҳар гуна овозаҳои беасос бовар накарда, таҳсилро тибқи муқаррарот дар муассисаҳои худ идома диҳанд",-омадааст дар ин хабарнома.

Ин ҳушдори Вазорати маориф зоҳиран бар пайи сару садоҳое бархостааст, ки бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон нигаронӣ кардаанд, ки бар пайи ҳодисаҳои ахири марзӣ эҳсоси хатар мекунанд. 

Аммо Вазорати маориф мегӯяд, ки ҳеч гуна хатаре ба донишҷӯёни ду кишвар таҳдид намекунад ва онҳо метавонанд бидуни мушкил ба дарсҳои худ идома бидиҳанд.

Масъулони Вазорати маориф мегӯянд, вобаста ба ҳодисаҳои охири дар сарҳад рухдода дар рӯҳияи эътимоди тарафайн ва ҳамсоягии нек, бо истинод ба таърихи қадимаи ҳамзистии осоиштаи ду халқи бародар, оид ба қабули чораҳои фаврӣ, ки ба ҳалли вазъ дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон равона шудаанд, Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ таъсис дода шудааст.

Ин ниҳод гуфтааст, ки агар дар ин замина мушкиле пеш ояд ё суол пайдо шавад, ҳамаи шахосни алоқаманд метавонанд ба  Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо шумораҳои 223-23-73, 227-65-60 ва 221-30-33 тамос бигиранд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.