Нотаи ҷавобии Тоҷикистон ба сафири Қирғизистон: “Мо тавофуқҳоро нақз накардаем”

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба сафири Қирғизистон Жаниш Рестенбеков дар робита ба изҳороти ҷониби Қирғизистон дар мавриди ин ки гӯё Тоҷикистон тавофуқоти ҳислшударо ба эътибор намегирад, нотаи эътирозӣ супурд. Супурдани нота аз сӯйи ВКХ Тоҷикистон дар ҳолест, ки субҳи имрӯз ВКХ Қирғизистон ба сафири кишвари мо дар он давлат нота супурда буд. Дар Вазорати корҳои хориҷии […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба сафири Қирғизистон Жаниш Рестенбеков дар робита ба изҳороти ҷониби Қирғизистон дар мавриди ин ки гӯё Тоҷикистон тавофуқоти ҳислшударо ба эътибор намегирад, нотаи эътирозӣ супурд.

Супурдани нота аз сӯйи ВКХ Тоҷикистон дар ҳолест, ки субҳи имрӯз ВКХ Қирғизистон ба сафири кишвари мо дар он давлат нота супурда буд.

Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-плюс” далели супурдани нотаро ба воқеият мувофиқат накардани изҳороти мақомоти Қирғизистон доир ба нақзи тавофуқоти ҳосилшуда аз сӯйи Тоҷикистон номиданд.

"Посбонони марзии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ки пештар бар асоси пртоколи муштараки ду кишвар мушаххас, хатгузорӣ ва мувофиқа шуда буд. Марзбонони тоҷик қаламрави моро ҳимоя мекунанд ва ҷобаҷо кардани посбонони марзӣ бар асосии усули баробарӣ (паритет) сурат гирифтааст",-гуфтанд дар ВКХ.

Манбаъи мо дар ВКХ таъйид кард, ки  ба сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон ҳам нота супорида шудааст.

ВКХ Қирғизистон гуфтааст, ки ҷониби Тоҷикистон ҳамаи созишномаҳои қаблан ҳосилшударо дар сатҳи ҳайатҳои ҳукуматии тарафҳо дар бораи таъину аломатгузории марз, инчунин протоколҳои мулоқоти кориро нақз мекунад.

Қаблан расонаҳои Қирғизистон хабар дода буданд, ки соати 3 – и субҳи 4 июн низомиёни тоҷик як километр ба қаламрави баҳсии миёни деҳаи Қарамиқи ноҳияи Лахш ва деҳаи Унҷу Булоқи ноҳияи Ҷон Алайи вилояти Ӯш ворид шуда, контенерҳо насб кардаанд. Ин расонаҳо аз ташдиди вазъ ва сафари Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон низ иттилоъ пахш карданд.

Дар робита ба ин Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як изҳорот иддаои ҷониби Қирғизистонро рад карда, гуфтааст, ки ҷобаҷо кардани посбонон дар минтақаи мувофиқашуда сурат гирифтааст. 
Ин изҳороти дафтари матбуоти Неруҳои марзбонии КДАМТ-ро хабаргузории расмии "Ховар" нашр кардааст, ки дар он гуфта мешавад изҳороти нашрнамудаи ҷониби Қирғизистон ба воқеият мувофиқат намекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.