Волидайни мактабхонҳое, ки худро аз ошёнаи 3 партофта буданд, ҷарима шуданд. Як хонанда табобат мешавад

Вазорати корҳои дохили алайҳи волидайни хонандагони як мактаб дар Душанбе, ки гуфта мешуд, фарзандонашон аз ошёнаи сеюми як компютерхона худро партофтаанд, парванда боз кардааст. Раёсати ВКД дар шаҳри  Душанбе хабар дод, ки рӯзи 26-уми майи соли ҷорӣ ҳангоми мавриди санҷиш қарор додани маркази компютерии «Душанбе» бо мақсади пинҳон шудан аз ҷавобгарӣ, гурӯҳе аз хонандагон худро […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Вазорати корҳои дохили алайҳи волидайни хонандагони як мактаб дар Душанбе, ки гуфта мешуд, фарзандонашон аз ошёнаи сеюми як компютерхона худро партофтаанд, парванда боз кардааст.

Раёсати ВКД дар шаҳри  Душанбе хабар дод, ки рӯзи 26-уми майи соли ҷорӣ ҳангоми мавриди санҷиш қарор додани маркази компютерии «Душанбе» бо мақсади пинҳон шудан аз ҷавобгарӣ, гурӯҳе аз хонандагон худро аз ошиёнаи 3-юм мепартоянд. Маълум гардидааст, ки чор ноболиғ хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5 ноҳияи Фирдавсӣ мебошанд

Вобаста ба ҳолати мазкур  волидайни чаҳор ноболиғ бинобар беназоратӣ ва вайрон намудани талаботи қонун « Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҷаримабандӣ шуданд,-овардааст манбаъ.

Инчунин, нисбати Абдулазиз Низомов соҳибмулки маркази комютерии мазкур, маводи лозим тартиб дода шуда, он дар баррасӣ қарор дорад,-гуфтааст РВКД.

РВКД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, баъди аз ошёнаи 3-юм паридан, хонандагон зарари ҷисмонӣ надиданд, вале наздикони ҷабрдидаҳо мегӯянд, онҳо ҳангоми паридан осеб дидаанд, вале аз тарси нозири милиса гурхетаанд.

Д.К., хонандаи синфи 9-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 ноҳияи Фирдавсӣ, яке аз онҳоест, ки мегӯяд, аз тарси маъмурони милиси ин ноҳия маҷбур шуд, худро ба поён партояд. Ӯ зимни партофтан аз пушти сар захм бардошта, дар шифохонаи "Истиқолол" муолиҷа мегирад.

Модари Д.К., Т. Раҳмонова тафислоти ҳодисаро ба "Азия-Плюс" чунин нақл кард: “Фарзанди ман ҳамроҳи чанд ҳамсинфаш дар соати дарси тарбияи ҷисмонӣ ба маркази компютерии «Душанбе» мераванд. Баъди он ки нозирони милиса дарро мезананд, хонандагон худро аз тирезаи маркази компютерӣ мепартоянд ва фарзанди ман аз сараш захм мебардорад. Кормандони милиса аз тарс мегурезанд, баъдтар як ронандаи таксӣ ӯро ба беморхонаи “Истиқлол” мебарад. Баъди ташхис маълум шуд, ки сари фарзандам аз 3 бахш захм бардоштааст ва як қисми косахонаи сараш шикастааст. Ҳоло ба табобат машғулем”.

Аз Вазорати маориф ва илми кишвар ба мо гуфтанд, ки ҳодиса берун аз соати дарсӣ рух додааст ва мактаб ба ин ҳодиса ҷавобгуй нест.

Намояндаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода бошад, гуфт, ки ҳеч хонандаи мактаб худро аз ошёнаи сеюм напартофтааст ва ба саломати касе осеб нарасидааст, ҳама саломат ва дар дарс ширкат доранд.

Тибқи нақша дилхоҳ сохтори дахлдор дар соҳаи таълиму тарбияи ноболиғон рейдҳои муштарак мегузаронанд. Баъди ҳодиса намояндагони вазорати маориф ва илм ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 ноҳияи Фирдавсӣ  рафта, байни хонандагон дарси тарбиявӣ гузарондем,-гуфт ин масъули маорифи пойтахт. Аммо ӯ нагуфт, ки дарси тарбиявии онҳо иборат аз чӣ буд. 

Додситонии ноҳияи Фирдавсӣ шаҳри Душанбе дар замони рух додани ҳодиса онро таъйид карда, гуфта буд, ки алайҳи омӯзгорон ва худи соҳиби марказӣ компютерӣ парванда боз шуда, онҳо ҷаримабандӣ мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?