Тоҷикистон ҷобаҷойии отряди посбонӣ дар марз бо Қирғизистонро  нақзи тавофуқот намедонад

Тоҷикистон ҷобаҷойии отряди посбонӣ дар марз бо Қирғизистонро  нақзи тавофуқот намедонад. Неруҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар як изҳорот иддаои ҷониби Қирғизистонро рад карда, гуфтааст, ки ҷобаҷо кардани посбонон дар минтақаи мувофиқашуда сурат гирифтааст.  Ин изҳороти дафтари матбуоти Неруҳои марзбонии КДАМТ-ро хабаргузории расмии "Ховар" нашр кардааст, ки дар он гуфта мешавад изҳороти нашрнамудаи […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Тоҷикистон ҷобаҷойии отряди посбонӣ дар марз бо Қирғизистонро  нақзи тавофуқот намедонад. Неруҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар як изҳорот иддаои ҷониби Қирғизистонро рад карда, гуфтааст, ки ҷобаҷо кардани посбонон дар минтақаи мувофиқашуда сурат гирифтааст. 

Ин изҳороти дафтари матбуоти Неруҳои марзбонии КДАМТ-ро хабаргузории расмии "Ховар" нашр кардааст, ки дар он гуфта мешавад изҳороти нашрнамудаи ҷониби Қирғизистон ба воқеият мувофиқат намекунад:

"Срфи назар аз изҳороти дар ВАО нашршудаи  ҷониби Қирғизистон, ки ба воқеият мувофиқат намекунад, дар натиҷаи кори комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсия, аз дарозии умумие, ки 986,7 км-ро ташкил медиҳад, 519, 9 км сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон тасвир шудааст. Яке аз қисмҳои боқимондаи тақсимнашуда дар ин минтақа ағбаи Шатти мебошад".

Дар изҳороти ҷониби Тоҷикистон гуфта мешавад, ки ин минтақа (минтақае, ки расонаҳои Қирғизистон дар бораи он иттилоъ додаанд) то кунун мушаххас нашудааст ва "ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд низ дар самти муайян кардани хатти убури сарҳади давлатӣ корро идома медиҳанд ва пешниҳодҳои худро манзур менамоянд".

Дар робита ба ин, айни замон отряди посбонони сарҳадии Қушунҳои сарҳадии КДАМ  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хатти мувофиқашудаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон посбонӣ мекунад,- омадааст дар изҳорот.

"Яъне, тибқи ин созиши протоколӣ, муқаррароти посбонии сарҳад дар қаламрави мувофиқашуда амалӣ карда мешавад. Аз тарафи дигар, дар қитъаи ағбаи Карамик постгоҳи сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон бо инфрасохтори лозима таъсис дода шудааст. Ҷойгиршавии мазкур принсипи паритетро дар ҳифзи сарҳади давлатии ду давлати ҳамсоя то ба итмом расидани раванди делимитатсия, демаркатсия ва бақайдгирии ҳуқуқии он таъмин менамояд".

Гуфта мешавад, ки бо ҳадафи ҳарчи зудтар ба итмом расонидани раванди делимитатсия дар ин қисмат, пешниҳод карда шуд, ки ба гурӯҳҳои кории топографии Тарафҳо супориш дода шавад корҳоро дар тавсифи хатти гузаргоҳи сарҳади давлатӣ дар ин қисмат идома диҳанд",-таъкид мекунад дафтари матбуоти Неруҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон.

Минтақае, ки сари он баҳс меравад дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли пешин)-и Тоҷикистон мавқеият дорад. 

Ҷониби Қирғизистон субҳи имрӯз Тоҷикистонро ба ҷобаҷо кардани континерҳои посбонҳо дар ҳудудҳои марзӣ  муттаҳам кард. 

"Ҷониби Тоҷикистон ҳамаи тавофуқоти ҳосилшудаи ҳайатҳои байниҳукуматии таъину аломатгузории марзи давлатии қаблиро нақз карда, 4 июн, тақрибан соати 03.00 ба ҷо ба ҷо кардани континерҳо дар минтақаи мушаххасношудаи  марзӣ дар мавзеи  Унжу-Булоқи ноҳияи Чон-Алайи вилояти Ӯш бо ворид шудани ба ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон то 1000 метр оғоз кард", -хабар додааст akipress.org бо истинод ба Хадамоти марзбонии Қирғизистон

Дар ҳамин ҳол, kaktus.media хабар медиҳад, ки раиси КДАМ Қирғизистон ба минтақаи ишорашуда барои танзими вазъ рафтааст. Дар ин сафар ҳамроҳ бо Тошиев, ҳамчунин намояндаи вижаи Девони вазирон дар масоили марзӣ Назирбеком Борубоев ва раиси Оҷонсии давлатии захираҳои замин Абдулат Мирзоев низ ҳастанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.