Ғарқ шудани як сарбози неруҳои марзбонӣ дар вилояти Хатлон

Як сарбози Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар рудхонаи Панҷоби ноҳияи Ҳамадонӣ ғарқ шудааст. Мақомот мегӯянд, ки ҷустуҷӯи ҷасади ин марзбон идома дорад. Радиои Озодӣ бо ишора ба як манбаъ дар ҳукумати ноҳияи Ҳамадонӣ рӯзи 4-уми июн хабар дод, ки марзбони ғарқшуда Юсуфҷон Музаффарзода, сокини шаҳраки Бустони ноҳияи Мастчоҳ мебошад. Музаффарзода тирамоҳи соли 2020 ба артиш даъват […]

Asia-Plus

Як сарбози Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар рудхонаи Панҷоби ноҳияи Ҳамадонӣ ғарқ шудааст. Мақомот мегӯянд, ки ҷустуҷӯи ҷасади ин марзбон идома дорад.

Радиои Озодӣ бо ишора ба як манбаъ дар ҳукумати ноҳияи Ҳамадонӣ рӯзи 4-уми июн хабар дод, ки марзбони ғарқшуда Юсуфҷон Музаффарзода, сокини шаҳраки Бустони ноҳияи Мастчоҳ мебошад. Музаффарзода тирамоҳи соли 2020 ба артиш даъват шуда, аз шаш моҳ ба ин тараф дар қисми марзбонии ноҳияи Ҳамадонӣ хидмат мекард.

Ба иттилои манбаъ, ин марзбон дар пайи гармии ҳаво хостааст, ки дар рудхонаи Панҷоб шиноварӣ кунад ва ғарқ шудааст. Дар ҳоли ҳозир оби рӯдхона аз саргаҳи дарёи Панҷ баста шуда, ҷустуҷӯи ҷасади ин сарбоз идома дорад.

Ин бори аввал нест, ки дар ин ноҳияи марзӣ сарбозон ҳангоми оббозӣ ғарқ мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.