Мақомоти Исфара ҳуҷҷатҳои дар даргириҳои марзӣ нобудшудаи сокинонро барқарор карданд

Шаҳрдории Исфараи вилояти Суғд мегӯяд мақомоти ин шаҳр асноди расмии шаҳрвандонеро, ки бар пайи даргириҳои марзии 28-29-уми апрели имсол нобуд шуда буданд, барқарор кардааст.  Масъулини бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Исфара ҳуҷҷати 28 сокини деҳоти Хоҷаи Аъло ва Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркуҳро, ки бар асари даргириҳои охир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон нобуд гардида буданд, барқарор […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Шаҳрдории Исфараи вилояти Суғд мегӯяд мақомоти ин шаҳр асноди расмии шаҳрвандонеро, ки бар пайи даргириҳои марзии 28-29-уми апрели имсол нобуд шуда буданд, барқарор кардааст. 

Масъулини бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Исфара ҳуҷҷати 28 сокини деҳоти Хоҷаи Аъло ва Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркуҳро, ки бар асари даргириҳои охир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон нобуд гардида буданд, барқарор карда, ба соҳибонашон супориданд, – хабар медиҳад шаҳрдории Исфара.

Ба «Азия-Плюс» дар дафтари матбуоти ҳукумати Исфара гуфтанд, ки ҳамзамон аз ҷониби шуъбаи САҲШ-и шаҳри Исфара ба 447 нафар эҳтиёҷмандон шаҳодатномаи навзодӣ, зоднома ва шаҳодномаҳои ислоҳию такрорӣ низ дода шуд.

Дар даргириҳои рӯзҳои 28-29 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон  наздик ба 60 нафар аз ҳар ду ҷониб кушта ва бештар аз 250 нафари дигар захм бардоштанд.

Ба ҷуз барқарор кардани асноди сокинони зарардидаи даргириҳои марзӣ, ҳамчунин ситоди корӣ ташкил шудаву манзили истиқоматии сокиноне, ки бар асари муноқишаҳо хароб шудааст барқарор хоҳад шуд. Хонаҳое, ки осеб дидаанд таъмир мешаванд. Бино ба иттилои расмӣ тамоми ин хароҷот аз ҳисоби давлат хоҳад буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.