Барои қатли кӯдаки 7-сола зани хеши падарашро 16 сол зиндон карданд

Суди шаҳри Душанбе сокини 53 солаи пойтахт Муборак Абдураҳмоноваро барои куштори хонандаи синфи 1-и мактаби рақами 50-и шаҳри Душанбе Аҳмадҷон Абдураҳмонов гунаҳкор дониста, ба 16 соли зиндон маҳкум кардааст. Дар ин бора ВКД дар як гузориши видеоӣ хабар медиҳад. Манбаъ бо такя ба суд гуфтааст, ки маҳкумшуда кӯдакро бо роҳи фиреб ба манзили истиқоматиаш даъват […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Суди шаҳри Душанбе сокини 53 солаи пойтахт Муборак Абдураҳмоноваро барои куштори хонандаи синфи 1-и мактаби рақами 50-и шаҳри Душанбе Аҳмадҷон Абдураҳмонов гунаҳкор дониста, ба 16 соли зиндон маҳкум кардааст. Дар ин бора ВКД дар як гузориши видеоӣ хабар медиҳад.

Манбаъ бо такя ба суд гуфтааст, ки маҳкумшуда кӯдакро бо роҳи фиреб ба манзили истиқоматиаш даъват карда, латукӯб намудааст ва сарашро ба девор задаст.

Бояд гуфт, ки Аҳмадҷоне, ки се моҳ пеш аз сӯи як хеши падараш ба қатл расида буд,  2 рӯз пеш, 7 июн 7-сола мешуд

Хонаводаи ин кӯдак дар суҳбат бо “Азия плюс” гуфта буданд, ки дар ин рӯз  ба ҷойи таҷлили зодрӯзи ӯ дар хона, мераванд ва қабрашро тоза мекунанду дуо мехонанд.

Бояд гуфт, ки ҳодисаи куштор Аҳмадҷон 5 март, дар хонае воқеъ дар кӯчаи Олег Кошевойи ноҳияи Синои пойтахт рух дод. Дар ин хона ҷасади писарчаи 7-соларо бо аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо карданд. 

Яке аз хешовандони кӯдак дар ин робита гуфта буд, ки онҳо мурофиаи судиро бесаброна интизоранд, то ки сабаби ба ин амал даст задани занро бифаҳманд.

– Аз соли 2007 ҳамсари бародараш бо ин зан гап намезад, вале ӯ мегӯяд, ки бар асари нофаҳмии оилавӣ ин корро кардааст”, – иброз дошт ин хеши кӯдак.

Муборак Абдураҳмоноваи 53-сола баъди 8 рӯзи содир шудани ҷиноят ба гумони куштор боздошт шуд.

Додситонии ноҳияи Синои пойтахт охири моҳи апрел алайҳи Муборак Абдураҳмонова парвандаи ҷиноӣ боз кард. Абдураҳмонова дар як гузориши телевизионӣ иқрор шуд, ки ин ҷиноятро бар пайи хусумати хонаводагӣ бо ҳамсари бародари шавҳараш,  содир кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.