Сафири нави Лаҳистон дар Тоҷикистон: Радослав Грук кист?

Радослав Грук сафири нави Лаҳистон дар Тоҷикистон таъин шудааст. Дирӯз Музаффар Ҳусейнзода муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи ӯро пазируфтааст. Дар ин бора ВКХ хабар медиҳад.  Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Лаҳистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Радослав Грукро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик карда, барои иҷроӣ кардани рисолати дипломатиаш […]

Радослав Грук сафири нави Лаҳистон дар Тоҷикистон таъин шудааст. Дирӯз Музаффар Ҳусейнзода муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи ӯро пазируфтааст. Дар ин бора ВКХ хабар медиҳад. 

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Лаҳистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Радослав Грукро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик карда, барои иҷроӣ кардани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу кардааст.

Дафтари матбуоти ВКХ хабар медиҳад, ки "дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати густариши  ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу  иқтисодӣ ва гуманитарию фарҳангӣ иброз намуданд".

Грук хатмкардаи риштаи сиёсатшиносии Доншгоҳи Варшава буда, аз соли 1999 корро дар Вазорати корҳои дохилии кишвараш оғоз кардааст. Солҳои 2000-2003 дар Раёсати кор бо хориҷиҳо фаъолият кардааст.

Соли 2003 корро дар Вазорати хориҷа оғоз карда, дар Консулгарии генералии Лаҳистон дар Санкт-Петербург, сафорати кишвараш дар Черногорӣ ва консули генералӣ дар Олмотӣ кор кардааст.

8 майи имсол сафири Лаҳистон дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон таъин шуд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.