Ҳукумат мехоҳад пули муҳоҷиронро ба иқтисоди кишвар ҷалб кунад

Ҳукумати Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишварро барои солҳои 2021-2025 тасдиқ кард. Қарор дар ин бора дар Портали ҳуқуқии Вазорати адлия нашр шудааст. Ба сохторҳои дахлдори давлатӣ, аз ҷумла мақомоти маҳаллӣ супориш дода шудааст, ки иҷрои бандҳои нақшаи тасдиқшударо таъмин созанд. Маълумот дар бораи иҷрои […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишварро барои солҳои 2021-2025 тасдиқ кард.

Қарор дар ин бора дар Портали ҳуқуқии Вазорати адлия нашр шудааст. Ба сохторҳои дахлдори давлатӣ, аз ҷумла мақомоти маҳаллӣ супориш дода шудааст, ки иҷрои бандҳои нақшаи тасдиқшударо таъмин созанд.

Маълумот дар бораи иҷрои нақша бояд ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ пешниҳод карда шаванд.

Нақшаи чорабиниҳо аз 24 банд иборат аст, ки тибқи самтҳо гурӯҳбандӣ шудааст:

– ташаккули муносибатҳои институтсионалию ҳуқуқӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ;

– таъсиси низоми муосири робитаи доимӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ;

– баргузории чорабиниҳои иттилоотиву фарҳангӣ барои дастгирии арзишҳои миллӣ, фарҳанг, таърих ва забони тоҷикӣ дар дохил ва хориҷи кишвар;

– ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар;

– мониторинг ва арзёбии иҷрои нақшаи чорабиниҳо.

Дар доираи нақша, аз ҷумла таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсоз, портали махсуси интернетӣ ва фонди ҷамъиятӣ пешбинӣ шудааст.

Ғайр аз ин, таҳия ва амалисозии лоиҳаҳо бо иштироки муҳоҷирони тоҷик, ҷалби сармояи муҳоҷирон ба иқтисоди ҷумҳурӣ, мунтазам бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонидани шахсони фаъол дар ин самт ва ғайра дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки дар мавриди шумори муҳоҷирони корӣ маълумоти расмӣ нашр намешавад. Тибқи маълумоти тасдиқношуда бошад, танҳо дар қаламрави Русия зиёда аз 1 млн нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.

Дар бораи маблағи фиристодаи муҳоҷирон низ сохторҳои дахлдор маълумоти дақиқу саҳеҳ пешниҳод намекунанд.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, ҳаҷми пули фиристодаи муҳоҷирон дар соли 2020 ба андозаи 32,4% кам шуд: аз 2 млрд 576 млн доллар дар соли 2019 то ба 1 млрд 741 млн дар соли 2020.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.