Дар Тоҷикистон корхонаи UzAuto Motors боз мешавад

Дар доираи аввалин Форуми сармоягузории байниминтақавии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки 9 июн дар Бохтар доир гардид, Созишнома дар бораи таъсиси корхонаи муштараки «Auto Motors Tajikistan» оид ба истеҳсоли автомашинаҳои сабукрави «UzAuto Motors» ба имзо расид. Созишномаи мазкур байни ҶСК “Алюминсохтмон”-и Тоҷикистон ва ҶДММ “"Avtosanoat nvest" имзо шудааст. Тавре дар сомонаи “Узавтосаноат” хабар дода мешавад, дар бораи […]

Asia-Plus

Дар доираи аввалин Форуми сармоягузории байниминтақавии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки 9 июн дар Бохтар доир гардид, Созишнома дар бораи таъсиси корхонаи муштараки «Auto Motors Tajikistan» оид ба истеҳсоли автомашинаҳои сабукрави «UzAuto Motors» ба имзо расид.

Созишномаи мазкур байни ҶСК “Алюминсохтмон”-и Тоҷикистон ва ҶДММ “"Avtosanoat nvest" имзо шудааст.

Тавре дар сомонаи “Узавтосаноат” хабар дода мешавад, дар бораи амалисозии лоиҳа зимни сафари вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир ба Ӯзбекистон 21 апрели соли 2021 тавофуқ ҳосил шудааст.

Баҳри оғози корҳои татбиқи лоиҳа рӯзҳои 5-7 май гурӯҳи кории ҶС “Узавтосаноат” аз Тоҷикистон боздид намуда, иқтидори истеҳсолии ширкати шарик – “АлюминСохтмон”-ро мавриди омӯзиш қарор дод ва доир ба таъсиси корхонаи муштарак гуфтушунид гузаронид.

Иқтидори корхона дар марҳилаи аввад истеҳсоли 10 ҳазор автомашина ва дар идома бо афзоиши нақша то 35 ҳазор ададро ташкил хоҳад дод.

Қобили зикр аст, ки моҳи марти соли 2019 кишварҳо як лоиҳаро дар самти истеҳсоли автомашина – "Завод спецтехники ТАЛКО-КРАНТАС"-ро роҳандозӣ намуданд, ки аввалин корхона дар Тоҷикистн оид ба истеҳсоли автомашинаҳои боркаш ва техникаи махсус мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.