Китоби шоири ҳойкусарои тоҷик дар Укроин мунташир шуд

Интишороти "Бураго"-и шаҳри Киеви Укроин китоби шоир ва ҳойкусарои тоҷик Бахтиёр Аминиро бо номи "В каждой точке многоточие" (Ҳар як нуқта боз нуқтаҳое дорад) бо забони русӣ чоп кардааст. Дар ин бора худи Бахтиёр Аминӣ хабар дод. Ба гуфтаи муаллиф, бо такя ба он ки ҳойку мавзӯи мушаххасро дар бар намегирад, китоб низ аз мавзӯҳои […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Интишороти "Бураго"-и шаҳри Киеви Укроин китоби шоир ва ҳойкусарои тоҷик Бахтиёр Аминиро бо номи "В каждой точке многоточие" (Ҳар як нуқта боз нуқтаҳое дорад) бо забони русӣ чоп кардааст. Дар ин бора худи Бахтиёр Аминӣ хабар дод.

Ба гуфтаи муаллиф, бо такя ба он ки ҳойку мавзӯи мушаххасро дар бар намегирад, китоб низ аз мавзӯҳои мухталиф иборат буда, он дар жанри ҳойку гуфта шудааст.

Шоири тоҷик Бахтиёр Аминӣ, ки ҳоло дар хориҷи кишвар ба сар мебарад, ғолиби чандин озмунҳои байналмилалии ҳойкусароӣ буда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Русияи ҷанубӣ ва узви Ассотсиатсияи ҳойкусароёни Ҷопон, Амрико ва Бритониё мебошад.

Китоби аввалини Бахтиёр Аминӣ бо номи "Никоҳи нигоҳ" соли 1994 бо забони тоҷикӣ ба нашр расид. Баъдан навиштаҳои шоир бо номи "Ба дунболи чашмҳо" соли 2012 (бо забони тоҷикӣ), "Твоя модная улыбка", соли 2015 бо забони русӣ дар Одессаи Укроин, "Carrying Sunrays" соли 2020 дар Америка бо забони инглисӣ ва "Вкус отражения" соли 2020 дар Москва бо забони русӣ мунташир шудааст.

Дар ҳоли ҳозир Бахтиёр Аминӣ яке аз шоирони муваффақи ҳойкусарои тоҷик аст, ки дар доираҳо ва анҷуманҳои ҳойкусароии ҷаҳон маъруф аст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.