Аввал воксину баъд намоз: воксинногирифтаҳоро ба масҷид роҳ намедиҳанд? Шарҳи мақомот

Дар Тоҷикистон аз намозгузорон талаб шудааст, ки ба намоз танҳо бо шаҳодатнома ё санаде ҳозир шаванд, ки воксини зидди коронавирус гирифтани онҳоро таъйид мекунад. Дар акси ҳол, ба масоҷид роҳ дода намешаванд. Аммо Кумитаи дин мегӯянд, ин танҳо тавсияи имомхатибон аст, баъди намоз намозгузорон агар хоҳанд, метавонанд воксин бигиранд. Як манбаъ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон аз намозгузорон талаб шудааст, ки ба намоз танҳо бо шаҳодатнома ё санаде ҳозир шаванд, ки воксини зидди коронавирус гирифтани онҳоро таъйид мекунад. Дар акси ҳол, ба масоҷид роҳ дода намешаванд.

Аммо Кумитаи дин мегӯянд, ин танҳо тавсияи имомхатибон аст, баъди намоз намозгузорон агар хоҳанд, метавонанд воксин бигиранд.

Як манбаъ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дирӯз дар яке аз масҷидҳои кишвар аз намозгузорон талаб карданд, ки барои ба намози ҷумъа омадан воксин зананд ва ё бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи воксин ба масҷид оянд.

“Онҳое, ки чунин ҳуҷҷат надоранд, бо шиносномаҳои худ ҳозир шаванд ва дар яке марказҳои саломатии  назди масҷид воксин гирифта, баъд ба масҷид дароянд. Дар сурати набудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи воксингирифта намозгузонро ба масҷид роҳ намедиҳанд”,-гуфтаанд дар масҷид

Вале аз Кумитаи дин гуфтанд, ки ин талабот маҷбурӣ набуда, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ, танҳо ба намозгузорон тавсия доданд, ки баъди намози ҷумъа дар гуруҳҳои сайёри тиббӣ, ки имрӯз дар назди масҷидҳои ҷомеъ, амал мекунанд, якбора воксин зананд.

Аз ин ниҳод гуфтанд, ки иттилоъ дар мавриди он ки бе сертификати воксин намозгузоронро имрӯз ба намози ҷумъа  роҳ намедиҳанд, нодуруст аст.

Сухангӯи Кумитаи дин, Афшини Муқим ба “Азия-Плюс” гуфт, ки имрӯз дар назди ҳамаи масҷидҳои ҷомеъ гуруҳи сайёри тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон амал мекунад ва он намозгузороне, ки воксин нагирифтаанд, ихтиёрӣ воксинзанӣ мешаванд.

– Имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ба намозгузорон тавсия доданд, ки мардум бо шиносномаҳои худ ба намози ҷумъа ҳозир шаванд, то баъди намоз аз ҷониби  гуруҳи сайёри тиббӣ ройгон воксин гиранд ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи воксинро ба даст оранд,-гуфт Афшини Муқим.

Мавсуф ҳамчунин, гуфт, ки ин бештар ба масҷидҳои ҷомеъ, ки дар онҷо намози ҷумъа хонда мешавад роҳандозӣ шудааст ва интизор меравад, ки ҳафтаҳои дигар ҳам дар намози ҷумъа гуруҳи сайёр намозгузоронро воксин занад.

Ӯ гуфт, аз сабаби он ки дар намози ҷумъа мардуми зиёд ҷамъ мешаванд, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтиоӣ тасмим гирифтааст, ки аз ин фурсат истифода кард, аҳолиро воксинзанӣ намояд.

Аз Вазорати тандурусӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ гуфтанд, аз имрӯз сар карда воксинзании нафарони аз 60-сола боло оғоз ёфтааст ва намозгузорон ҳам аз ин истисноъ нестанд.

Сухангӯи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Эмомалӣ Мирзоев гуфт, воксинзанӣ ихтиёрӣ буда, он роҳи асосии пешгирӣ аз бемории коронавирус аст.

– Имомхатибон танҳо тавсия дода метавонанд, ки аҳолӣ воксин гиранд, вале инро мардум нодуруст мефаҳманд. Ҳамаи кормандони соҳаи тиб, ходимони дин ва фаъолону ҷомеи шаҳрвандӣ пешниҳод мекунанд, ки мардум воксин гиранд, вале ин маънои онро надорад, ки он маҷбурӣ аст ва ба ин ё он сохтор ё минтақа роҳ дода намешавад,-гуфт Эмомалӣ Мирзоев.

Эмомалӣ Мирзоев тасдиқ намуд, ки шурӯъ аз 24 июни соли равон ,гурӯҳи сайёри тибии Вазорати тандурустӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ба мисли бозору масҷидҳо амал мекунад ва мардумро ройгон воксиназанӣ менамояд. Ба гуфтаи ӯ, интизор меравад фаъолияти ин гурӯҳ то чанд вақти дигар давом кунад.

Ҳамчунин Вазорати тандурустӣ имрӯз хабар дод, ки дар Душанбе тамоми сокинони аз 18-сола болоро воксин мезананд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.