Истиқболи Ҳомид Карзай аз суханронии ахири Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Афғонистон

Ҳомид Карзай раисҷумҳури пешини Афғонистон ду соат пеш, дар саҳфааш дар фейсбук аз суханронии ахири Эмомалӣ Раҳмон истиқболи бесобиқа карда, Раҳмонро дӯсти ҳамешагии Афғонистон хондааст. Карзай Тоҷикистонро "кишвари дӯсту бародар" хитоб карда ва навиштааст: "Тайи чаҳордаҳ соли давраи хидматам бо Тоҷикистон ва бахусус бо шахси оқои раисҷумҳур равобити бисёр нек ва бародарона доштем. Тоҷикистон ҳамеша […]

Ҳомид Карзай раисҷумҳури пешини Афғонистон ду соат пеш, дар саҳфааш дар фейсбук аз суханронии ахири Эмомалӣ Раҳмон истиқболи бесобиқа карда, Раҳмонро дӯсти ҳамешагии Афғонистон хондааст.

Карзай Тоҷикистонро "кишвари дӯсту бародар" хитоб карда ва навиштааст:

"Тайи чаҳордаҳ соли давраи хидматам бо Тоҷикистон ва бахусус бо шахси оқои раисҷумҳур равобити бисёр нек ва бародарона доштем. Тоҷикистон ҳамеша хостори таъмини сулҳ ва суботи пойдор дар Афғонистон буда ва ин воқеият як бори дигар дар суханронии ахири ҷаноби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонбозтоб ёфт. Орзумандам, ки дар натиҷаи ҳамкориҳои ҳамаҷониба миёни ду кишвар, Афғонистон ҳарчи зудтар соҳиби сулҳ ва оромиши сартосарии пойдор гардад".

Зоҳиран ишораи Карзай ба суханронии рӯзи 22-юми июли Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши санҷиши омодагии ҷангии Неруҳои мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва неруҳои захиравии Тоҷикистон аст.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин суханронияш гуфт, ки Тоҷикистон ҳеч гоҳе неруҳояшро дар қиболи Афғонистон истифода намекунад ва ҷанги Афғонистонро натиҷа дахолати кишварҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ номид/

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.