Қабули Кодекси нави андоз моҳҳои наздик дар назар аст

“Қабули Кодекси андози Тоҷикистон дар таҳрири нав моҳҳои наздик ба нақша гирифта шудааст”, – хабар дод зимни нишасти матбуотии имрӯз, 30 июл раиси Кумитаи андози ҷумҳурӣ Нусратулло Давлатзода. Ба гуфтаи вай, ин санад дар ҳоли ҳозир дар шакли лоиҳа аст, ки дар сатҳи ҳукумат баррасӣ мешавад. Давлатзода гуфт, дар Кодекси нав тағироти зиёде пешбинӣ шудааст, […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

“Қабули Кодекси андози Тоҷикистон дар таҳрири нав моҳҳои наздик ба нақша гирифта шудааст”, – хабар дод зимни нишасти матбуотии имрӯз, 30 июл раиси Кумитаи андози ҷумҳурӣ Нусратулло Давлатзода.

Ба гуфтаи вай, ин санад дар ҳоли ҳозир дар шакли лоиҳа аст, ки дар сатҳи ҳукумат баррасӣ мешавад.

Давлатзода гуфт, дар Кодекси нав тағироти зиёде пешбинӣ шудааст, ки ба коҳиши сарбории андозсупорандагон равона шудааст.

Роҳбари Кумита таъкид дошт, ки тағйирот дар меъёрҳои қонунгузории андоз дар аввал ҳатман ҳаҷми воридоти андоз ба буҷетро коҳиш медиҳад, аммо дар давраи миёнамӯҳлат даромад афзоиш меёбад.

"Ҳадафи мо дар пешниҳоди имтиёзҳо ва ба ин васила таъмини рушди истеҳсолот, афзоиши шумори андозсупорандагон, пайдо шудани сарчашмаҳои нави андозситонӣ ифода меёбад", – илова кард ӯ.

Моҳи майи соли 2019 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки бо назардошти манфиатҳои субъектҳои соҳибкорӣ, пеш аз ҳама истеҳсолкунандагон, лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав омода карда шавад.

Қарор буд, ки ин санад дар миёнаҳои соли 2020 қабул карда шавад, аммо пандемия монеъа шуд, ки вазъи молиявӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро ба таври назаррас тағйир дод. Дар робита ба ин, ба таҳиягарони Кодекс лозим омад, ки баъзе меъёрҳои санадро бозбинӣ кунанд.

Дар лоиҳаи санад тағйирот ва навовариҳои зиёде дар қонунгузории андоз пешбинӣ шудааст, аммо на ҳама тағйирот дарҳол пас аз қабули Кодекси нав мавриди амал қарор мегиранд. Ба нақша гирифта шудааст, ки меъёрҳои нав тӯли якчанд сол марҳила ба марҳила истифода шаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.