Тоҷикистон бо маҷмӯи нақлиёти дорои бунгоҳи тиббӣ таъмин шуд

Дар доираи амалисозии лоиҳаи «Корвони саломатӣ”, ки дар асоси Созишномаи грантӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёгии Рушд аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон соли 2019 тасдиқ шудааст, 10 август дар Маҷмааи тандурустии  “Истиқлол” маросими расмии супоридани маҷмӯи нақлиёти сайёри тиббӣ баргузор шуд. Бино ба иттилои Вазорати тандурустии ҶТ, дар маросими қабули нақлиётҳои махсуси […]

Asia-Plus

Дар доираи амалисозии лоиҳаи «Корвони саломатӣ”, ки дар асоси Созишномаи грантӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёгии Рушд аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон соли 2019 тасдиқ шудааст, 10 август дар Маҷмааи тандурустии  “Истиқлол” маросими расмии супоридани маҷмӯи нақлиёти сайёри тиббӣ баргузор шуд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии ҶТ, дар маросими қабули нақлиётҳои махсуси сайёр вазири тандурустӣ Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, иҷрокунандаи директори блоки лоиҳавии Фонди Авруосиёгии стабилизатсия ва рушд Андрей Широков,  намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва молияи Тоҷикистон, намояндаи сафорати Русия дар Тоҷикистон ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Вазири тандурустӣ Тоҷикистон аснои суханронии хеш аз номи ҳукумати ҷумҳрӣ ба шарикони рушд ҷиҳати дастгирии пайвастаи соҳа изҳори миннатдорӣ баён намуда, иброз дошт, ки дастрас гардидани чунин маҷмуи нақлиёти сайёри тиббӣ  дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии мамлакат нақши муҳим хоҳанд бозид.

Тавре иттилоъ дода шуд, нақлиётҳои махсуси сайёр аз чор модул, аз ҷумла чор маҷмӯъ иборат буда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз қабили таҷҳизоти ренгтенӣ, ташхисӣ, стомотологӣ ва дигар лавозимоти зарурии тиббӣ таҷҳизонида шудааст.

Гуфта шуд, ки дар шароити куҳистон чунин нақлиётҳои муосири сайёр метавонанд мушкилии беморонро боз ҳам осон намоянд ва онҳоро ба ташхис фаро бигиранд.

Бо дарназардошти он, ки дар раванди татбиқи лоиҳа ҷалби кормандони беморхонаҳои клиникии вилоятҳои Хатлону Суғд ҷиҳати гузаронидани муоинаи тиббӣ пешбинӣ шудааст, дар қисмати мазкур таъсиси шўъбаи хизматрасонии сайёри мобилӣ дар назди беморхонаҳои клиникии вилоятии вилоятҳои Хатлону Суғд пешбинӣ шудааст.

Дар доираи татбиқи лоиҳа истифодаи таҷҳизоти дохилимобилӣ ба миён омада, бо назардошти ин, баргузории даври омўзишӣ оид ба истифода ва нигоҳубини он барои кормандони шўъбаи хизматрасонии сайёри мобилӣ дар назди беморхонаҳои клиникии вилоятии вилоятҳои Хатлону Суғд ва ҳамзамон давраҳои омўзишӣ барои мутахассисони муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ, бунгоҳҳои тиббии ноҳияҳои дурдасти минтақаҳои таҷрибавӣ оид ба масъалаҳои марбут ба беҳтаркунии хизматрасонӣ дар назар гирифта шудааст.

Татбиқи лоиҳаи мазкур дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд пешбинӣ гардида, он бо мақсади пешгирӣ ва муайян намудани бемориҳо дар байни аҳолии деҳот ва маҳаллаҳои дурдаст  ва ҳамзамон ба баланд бардоштани фарҳанги тиббии ҷомеа нигаронида шудааст.

Ҳамзамон, бо мақсади баланд бардоштани иттилоотнокии аҳолӣ дар доираи татбиқи лоиҳа дастрас намудани маводҳои иттилоотӣ (буклетҳо ва овезаҳо) ба муассисаҳои тиббӣ ва аҳолӣ, таҳияи барномаҳои телевизионӣ ва видеороликҳо оид ба пешгирӣ ва табобати бемориҳо, таҳкими кор бо ҷомеа, бахусус кор бо дастаҳои ҷомеавӣ ба назар гирифта шудааст.

Маблағи умумии лоиҳа 2,06 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 2,0 млн. доллари амрикоӣ маблағҳои грантии Фонди Авруосиёгии стабилизатсия ва рушд ва 60,0 ҳазор доллари амрикоӣ ҳамчун саҳми ҳукумати Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои пешбинишудаи соҳаи тандурустӣ мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.